Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Забур, харро об додӣ? – аз дарвоза ворид гашта пурсид падар.
— Хара гург хўрд, додо! – бинӣ кофта ҷавоб дод Забур.
— А? Дар рўзи равшан?
— Ҳо, додо, дар пушти гўристон.
— Ту пушти гўристон чӣ номаъқул мекардӣ?
— Ҳамроҳи хар будам.
— Гург чӣ хел туро нахўрду харро хўрд? – вазъаш ноҷўр пурсид падар.
— Ман зўр-дия!
— Зўр бошӣ, хара об деҳ!
Забур пеш рафт, ки кисаи падарро хабар гирад, то барояш чӣ оварда. Чун кисааш холӣ дид, биншаст ба замин ва по зад. Фиғон бардошт, ки додои ганда ба ў чизе наоварда.
— Ту ҳоло ҳам кўдак, ки коко орам? Имрўз зан гирӣ, пагоҳ занат мезояд... Хез, хара об деҳ!
Забур ба замин дароз кашида, ғел гашт ва чун падар назди усто рафт, тозон хона даромада, аз миллаи Норӣ кашида бурун овард:
— Падарлаънат, хара об те!
Норӣ фарёд зад ва аз шарм ба замин нишаст.
— Имрўз зан гирӣ, пага занат мезояд... Хара об те!
Падар ғавғои эшон шунида дартоз омад. Забур, ки аз омадани ў бехабар монда буд, мўи Нориро сар дода харосо рўи хок ғел зад. Падар чунин ҳолро дида, ба шохи тут дароз шуд, то химча шикаста химчакўбаш кунад. Вале Забур фурсат ғанимат дониста, парида хест ва бо ҳамон шаст аз сари девор сўи кўча ҷаҳид.
Зуҳур Нории гирёнро дилдорӣ кард: «Аз ў хафа нашав, духтарам. Худо чунин халқ кардаст... Ба гуфтан нашуд. Намедонам, ки бо ў чӣ кор кунам? Хез, духтарам, хез, хона даро! Чанги доманатро афшон... Боз дар назди онҳо... Нашавад, ки саги ҷинӣ барин бурда пушти кўҳ партоӣ, то гургҳо хўранд...»
Норӣ бархеста зери чашм ба устову писараш нигарист ва сўяш дида дўхтани Бурҳонро дида хиҷолатманд шуд, гўшаи рўймоли ба китф афтидаро зери дандон гирифта, хона даромад.
— Мулло Зуҳур, ин ҷо биёед, бачча-дия, ба онҳо баробар нашавед!
— Бачча – баччаю бисёр гаранг мекунад: ба гуфтан нашавад, ба кўфтан нашавад...
— Духтарро азоб медодагӣ барин... Хубаш, муҳими хайрро пеш гирем...
— Буз дар ҷонканиву қассобро ғами чарбу...
— Пиндорам чунин, ки ҳама чиз рўи об мелаппад... Зиндагӣ як бинои амонат барин. Дар дилам ғулғулае ҳаст...
— Усто, авлиёӣ ҳам доред? Аз наҷоди Хоҷа Баҳоваддини Балогардон ё...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё