Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ҳеҷ чиз нагўяд ҳам (аз боби ҳарбиву сиёсат), чанд китоби аз нависандагони рус хондаашро нақл мекунад; Туғрал баройи ў то ба дилаш задан аз адабиёти форсӣ қиссаҳо мекунад, то роҳ кўтоҳ шавад; худи ҳикояҳойи «Ҳазору як шаб»-ро бозгў кардан умри одамиро талаб дорад. Вале низомӣ ба чунин чизҳо ҳавас надорад; як навъ бадбинӣ ҳам дорад нисбати чунин чизҳо. Баракси чашмдошти шоир Шатенин бо ниятҳойи нохушаш роҳро чунон тўлонӣ гардонд, ки Туғрал пиндошт: ҳаргиз ба манзил намерасад. Ва бо чунин ҳамсафар шодиву фараҳро фаромўш кард, завқи шоириаш низ намонда буд. Махлуқе метобад сарҳанг, ки на завқ дораду на ҳаваси зиндагӣ. Лекин хунхор метобад. Баддил, бадкина. «Воқеан ин кас аз тарафи сурхҳост ё ҷосуси сафедҳост?» дар дил мепурсад аз худ. Лек аз дигар кас ин чизро пурсида наметавонад, ки чун кабк аз даҳон тир нахўрад. «Киро забон на ба банд аст, пой дар
1 банд аст». Менигарад ба сарбозон, ки зоро ягон ишора кунанд, огоҳ гардонанд ва ё чӣ муомила карданро гўянд.
— Нағмайи шабинайи аспат ҷон доштааст, шоир!
Аммо Туғрал чизе нагуфт. Донист, ки Шатенин ўро тез карданист. Сонӣ ё ба дилаш тир зада, халос хўрданист ва ё назди ононе, ки ваъдаву войиз кардааст, хештанро қаҳрамон нишон доданист.
— Ақли худату ақли аспат як будааст, шоир.
Ин ҳарф сахт расид Туғралро: «Ақли сеямон - як...»
— Забон доштайӣ-ку?! Гумон кардам, ақлатро хўрдайӣ.
— Кадом вақте ки ту ақлатро хўрдӣ, ман ҳам мехўрам, командир. – «Забони сурх диҳад сари сабз барбод»-ро фаромўш карда, ғурури шоирӣ ва одати кўҳистонӣ боло гирифта худдорӣ карда натавонист Туғрал, ки дар умраш сухани касеро нахўрдааст ва пеши касу нокас сар андохтанро пастӣ донад.
— Ҳааа... Рост будааст! Ба ман мегуфтанд, ки душмани Ҳукумати Советӣ ҳастӣ! Лекин морбозӣ мекунӣ; зери пўстини калоншавандаҳо ҷой шуда вазифа мегирӣ, китоб чоп мекунӣ. Аксулинқилобчӣ ҳастӣ! Зеро аз эшонзодаҳо будайӣ. Ман ба ту нагуфтам:
даста-даста аризаву шикоят ҳаст. Ҳама ахбори росту дурўғро ба уезди Самарқанд ту менавиштайӣ.
— Ҳамааш дурўғ! Тўҳмат! Аз росткориву покдилӣ душмани зиёд пайдо кардаам... Ҳоло бо собуни фарғариҳо ҷома нашуштайӣ.
Ҳамон рўз, ки онҳоро шинохтӣ, маро ба ёд ор.
— Маро ақл нашав, ақлак! Худ чӣ кор карданро медонам... Ба душман тир доданат ҳам дурўғ-а?
- Рўдакӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор