Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

«Он вақт мадорам буд. Аспро, ки наёфтам, мадорам хушк шуд».
— Чӣ мегўяд?
— Он вақт мадорам буд, мегўяд. Аспро, ки надидам, мадорам хушк шуд, мегўяд!
— Ҳоло ки рамақе дар ҷон дорад, бад не! Маккорӣ накарда,
гузарад! Вагарна... бо ҳамон аспи рамуз омўзондааш...
— Аспро ёфтан лозим, аспро. Аспи емхўр буд, шояд хона рафта бошад.
— Чӣ мегўяд?
— Аспи емхўр буд, шояд хона рафта бошад, мегўяд!
— Баҳона! Аспро худаш ба ҷое фиристодааст... Аз нағмааш
маълум буд. Медонад асп дар куҷо... Гапро кам карда, ин тараф гузарад!
«Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам...»
— Сардор мегўяд, ки ба нағзӣ гузарад!
Муқаддам дарвозаро занҷир андохта, кўдак сари даст, роҳи хонайи бародари Туғрал Мансурхонро пеш гирифт. Рўймол то сари абрў кашида буд, то нашиносандаш ва ҳам ранги паридаву парешониашро пай набаранд. Саҳари баланд ҳама дар хона буданд. Мансурхон ҳам.
— Аспашон омад, аз эшон дарак нест, ако!
— Чӣ хел?
— Намедонам. Асп шиҳа мекашаду дастак мезанад. Ман чизе намефаҳмам. Пушти зин хўрҷин. Ду қуттӣ. Намедонам, чӣ дорад?
Мансурхон воҳ гуфтанашро медонад. Кавш дар пой, касеро чизе нагуфта, парвоз кард сўйи хонайи Туғрал... чизе дар сар набуд ҷуз «кори душман» пиндоштан.
Чун занҷири дарвозаро кушода даромад, асп фиркид гўш сих карда. Мансурхон аз аломатҳойи дар қуттӣ буда донист, ки тир доранд онҳо. Ҳаждаҳаш ба замин зад: «Сохта. Кори душман».
Аз дил гузаронд ва аспро даҳана ба даҳон андохта, савор шуда, ҷониби Лангар ронд. Зеро шунида буд, ки лашкар гузаштааст.
Аммо чаро волийи Фарғарро огоҳ накарданд? Ҳайрон буд...
Туғрал чунон ки мехост, гузашта натавонист. Зеро сайёди
кўҳгард чунин сангпарҳоро ҷаставу парида мегузашт ва мўкиаш
санграбо барин медошт. Ҳолиё зўри гузаштан надошт ва ҳам
мўкӣ мелағҷонд. Сарбозон дошта-дошта гузарониданд ва рўйи
тобасанги монанд ба тахти сангӣ нишонданд; рў ба рўйи сарҳанг
Шатенин. Шатенин бори нахуст тамоку дуд кард. Туғрал хост
бигўяд: «Ҳавойи тозаро вайрон кардӣ!» Аммо шасте, ки гоҳи
озодагӣ ва озодфикрӣ дошт, ҳоло надошт. Дар ибтидо аз чунин сафар як навъ шодмонӣ дошт, ки ў ба сарҳанг бисёр чиҳо мегўяду мефаҳмонад; шояд сарҳанг ҳам ба ў бисёр чизҳоро гўяду фаҳмонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор