Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Аммо имрўз якеро ҳимоя карда наметавонад; мадораш намондааст.
Дигаре ба касе лозим нест. На офарандааш, на худаш.
«Не ҳубби муҳиби дилнишин мемонад,
Не тири адўи кинагин мемонад.
Инсон ба муқобили исобат, аҳсан!
Дунё гузарон аст, ҳамин мемонад!»
Ин хел намехонд шеърро: чунин паст, шикастадил, ноумед, ғамӣ намехонд. Бал шўрида, фарёд зада, дилу ҷону устухонаш сўхта мехонд, то шунаванда аз он ягон маънӣ, ё армони хешро дарёбад.
Ҳоло баройи хеш мехонад, то тасаллӣ ёбад, ки аз азал чунин сохта шудааст дунё: кўҳҳо пойдору қавиву бузургу бофарру шукўҳ; одам ночизу хурдакаку ҳақиру нотавон. Чун пеш меравӣ, аз ду паҳлў шахҳойи баланд метобанд ва яки дигар пешгир; қуфлу калиданд чун дари дижҳойи қадим. Гўйӣ охири роҳ. Дар ҳамин ҷо дунё ба охир мерасад. Чун пештар меравӣ, кўҳи пешгир паҳлў монда, шахи атласнусхае пешорў мебарояд ва боз пешбаста мегардад дар назар.
Сахт, урён ва сўхта ин шахҳо. Ҷо-ҷо буттае ҷонсахттар аз санг ягон ковокийи шахро ёфта неш зада баромадааст ва хунукзадаро монад, ки бузург шудан надорад.
Дастае батар аз лашкари мағлубгаштаву шикастхўрда миёни ин шахҳойи бузургро чун мўрон қадам мезанад кашолу шалпар.
Ливойи сурх, ки дар кўҳайи зини аспи ҷирани пешонасафед устувор карда шудааст, пешопеш меравад. Хўрҷини ало бор ба пушти Гули Бодом тири ҷонкоҳ мебарад. Туғрал ҳам аз раҳимӣ аспро ҷилав кашида қатори корвон пиёда меравад.
Ўро нагузоштанд дарояд ба хонааш, то Муқаддари хурдакакро бинад. Ҳам надаромаданд ба меҳмонӣ. Шоир ба пойи корвон убур кард деҳаашро. Омад то наздикийи Лангар.
Гули Бодом магар хавферо пай бурд, ки пеш нарафт. Ба кашола кардани лаҷом ҳам пеш нарафт: «Чу-е, ҷовар! Ба ту чӣ шуд? Чунин одат надоштӣ-ку?» дастонашро ба роҳи фароз тира карда, майли рафтан накард. Дигарон пиндоштанд, ки шоири донову рўзгордида аспашро рамузгир кардаанд, чӣ коре мекунад, ки тавсанаш «куш, лек пеш намеравам» мегўяд. Мазмун: ҳама асрор дар тарзи лаҷом афшондани соҳиб. Силтав медиҳад соҳиб. Аспи пеш майлкарда ҳам равон намешавад. Яке лигом аз дасти Туғрал гирифту пеш кашид. Асп қадам назад. Дигаре аз пас тозиёна зад. Гули Бодом мурдаосо лату зарби тозиёнаро ба тан намегирифт. Сахттар зад сарбози варзида. Аспро ҷон дард кард, ки лагад андохт: ба сари синайи сарбоз бархўрд. Ў пушт париду ғелон шуд. Шояд аввалин бор лагади аспро дида бошад, ки тарсону ҳаросон хестанӣ шуд, натавонист. Нафасаш гашта чизе гуфта наметавонист. Ҳамраҳон тохта бардоштанд ўро. Аз паҳлў омада боз зад аспро тозиёна.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор