Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Корзорро бинем. Ғалаба ба даст орем, сонӣ... сонӣ мебинем.
— Ташаккур, рафиқ командир. Умед чунин.
Сарболо мерафтанд. Туғрал ба аспаш раҳм карда, пиёда шуд ва инон мекашид. Қомати баландаш дар фарози рост дол гашта, бо эҳтиёт пой мегузошт. Ин аз рўйи озодагӣ буд, ки мўкийи сурхаш гард нагирад, қабойи мисқолиаш чанг набардорад, дастори нимҳоли осмонирангаш ва тоқийи сабзи кулоҳшаклаш ғубор начинад, тораҳойи риши риндонааш ноҷо набошад. Ҳар гоҳ пари шоҳини тоҷвору дирафшосояшро даст расонда, осуда мегардад, ки боди бало наафканда бошад. Ду қабат фўта бастааст; яке саҷҷода, дигаре миёнбанд. Дар қабати миёнбанд дастрўймоли Тўтихон тўҳфакарда печонида шудааст. Ягон-ягон гашта ба чашми офтоб менигарад, ки гоҳ дар паси кўҳҳойи баланд метобаду гоҳ на. Ў мурғи дўстдоштаашро меҷўяд, ки гоҳи дар фазойи баланд пайдо шуда, тори сари сайёд гирд гаштан, дарак аз барору нобарорийи шикор медод. Ҳоло намебинад онро. Мазмун: рамида ё аз тири зиёди гуруснагони роҳ бим дорад. Ба назари шоир ҷонвар сари кўҳи баланд, паси кадом санг ё буттае ҷой шуда наззора мекунад рафтору кирдори ононро ва фурсати боб пайдо карда парвозкунон омада сари китфаш мешинад. Ба баҳонайи чашми офтоб боз менигарад сўйи «фалаки бемурувват», аммо шоҳинашро намебинад.
Сангчаҳойи рўйи роҳ аз таги мўкӣ халиданд ба пояш. Ҳайрон шуд, ки мўкипўш бисёр мегашт дар кўҳсор, аммо чунин ҳолатро эҳсос намекард. Ё пир шудааст ё нозук ва ё торҳойи нозуки асабаш дигар бори чунин роҳпаймойиро бардошта наметавонанд.
Садойи оби Зарафшон гоҳ боло мешаваду гоҳ паст.
Шоҳин пайдо шуд дар гўшайи чашмаш. Нигарист. На! Хаёл будааст.
Ба назараш Шатенин тозиёна мезанад аспашро ва пошна, то дар роҳи тангу фароз ҳам тез гардад. Он ки тамоми роҳ чунин амалро надошт, дар ин роҳи нобоб ва пешрў пур аз хавфу хатар чунин рафтор мекунад. Қасдан метобад.
Дар теғайи баланд ангорайи мурғаке метобад сари шах: «Уқоб бошад? Туғрал бошад? Ё чуғз бошад? На! Бум, ки ҳеҷ чиз ва ҳеҷ касро набинад дар рўзи равшан».
Гаштаву баргашта менигарад Туғрал ба он ҷонвари сари санг:
«Ё ягон шубоне, кўҳнаварде қайкали шоҳинро сохта бошад ё санге гузошта, ки ба чашми ман намояд?» Асроре ҳаст. Туғрал яқин ва муайян карда наметавонад. Борҳо гузаштааст ин роҳро, ба шикор ҳам рафтааст, аммо чунин ҳайракт хомўшу мармузро надидааст.
Кўҳҳо ҳам чунин баланду қавӣ набуданд. Ҳамааш аз они ў буд.
Касе ин ҷойҳоро рабуда наметавонист. Аз ин рў шоир ба ин чизҳо эътиборе намедод, танҳо ғами мардум ва андешайи шеърро дошт.

пешина
аз 421
навбатӣ