Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Асирон оҳиста-оҳиста наздик омаданд ба кунҷи оғил ва гўш доданд, то аз рафти кирдор огоҳ гарданд. Аз диққати зиёд ё шунида натавонистани гўйиши пасти онон бори саввум арақ бароварданд.
Дўстӣ ё душманийи беруниҳо маълум набуд. Лек хомўшона даст ба кор заданашон гувоҳӣ некӣ буд. Зеро калиди қуфли дар ба дасти аксулинқилобиён буд, баду некро ба воситайи дари кушода бояд меоварданд. Оҳистакорийи касони паси девор умедбахш метофт.
Зайле ки корашон ба оҳистагӣ мерафт ва тақрибан садойи ба санг бархўрдани санг намеомад, гўйиш низ паст буд. Ба фаҳмиши онҳо санг дастӣ мегирифтанд аз девор, ки садояш намеомад.
Вале якбора девори сангӣ гашт; аз садойи сангҳо бармеомад. Он ҷониб рўшантар аз торикийи оғил буд; рўшанийи нури ситораҳо.
Зеро моҳи нав кайҳо паси кўҳҳойи Фарғар хамида буд. Ҳавойи тозайи рўдбор ҳуҷум овард ба оғил. Гови хобида хест. Хар ҳиқҳиқ кард.
«Куҷоед, фиристодаҳо?»
Онҳо аз тарс ғунча шуданд. Бовар надоштанд, ки касе аз пайи суроғашон шуда бошад.
«Исохўҷа! Маъруфхўҷа!?»
«Уҳу!»
Дигар гапу калоча нашуд. Шинохтанд ё нашинохтанд асирон, сари пой сўйи сўрохӣ равон шуданд. Синамол баромаданд аз сўрохӣ. Ва ҳамон замон бе пурсу посух банди дастонашон кушода, бар зини аспон нишонданд ва инон ба дасташон дода, пеш ронданд.
«Мо роғиёнем. Паноҳатон ба худо!»

Ин замон дар Палорак, андар меҳмонхонайи Султонбек ханда ба содагийи уротеппагиҳо зада, ба хўрҷини пур аз пул менигаристанд ва аз ояндайи нобоби зиндагӣ гуфта, ханда андар хами лабҳояшон мешикаст.
Эшони Бузургхўҷа, қозӣ Сайид Шариф, Мулло Туроб, Султонбеку Тўрабек ва чанде дигар, ба ҳар ҳол, омадани фиристодаҳойи Ҳукумати Шўроро фоли бад донистанд ва аз хандайи ноҷо шармашон омад.
— Корамон маънӣ надорад. – рафти сўҳбатро ба ҷараёни дигар гардонд эшон: - Шунидаед, ки қавму миллати бесардор ба ҷое расида бошад ва ё бароре дида бошад?
— Гапатон ҷон дорад, эшон. – садойи қозӣ буд. – Ҳама дар чунин андеша, ки мо бояд як сардори бодилу гурда, ғаюр, мусулмони тоза ва хеле одилу боинсофро пайдо кунем.
— Ман аз Султонбек каси мувофиқтареро намебинам. – фармуд Тўрабек.

пешина
аз 421
навбатӣ