Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Аҷал, ки расид, пешпаррон карда меовардааст. Шумо намеомадед, ман ҳам намеомадам, Исохўҷа. Пул гуфта, одам ба роҳҳое меравад, ки хук намегардад».
«Ҳамин хел, Маъруфхўҷа. Нафси бад – балойи ҷон. Хуб боб карданд. Уротеппагийи дида ҳоло ҳам кўдакиҳо дорад. Коко мехўрем, гуфта, ба ҳавзи ҳалоҳил афтодем».
«Зану баччаҳо бекас мемонанд. Ман чӣ ваъдаҳо карда, аз онҳо ҷудо шудам. Писари калониам ҳам омаданӣ шуд. Очаш намонд.
«Пул сару каллаатро хўрад!» гуфт. Пеш ин хел гапҳоро намегуфт...»
«Ғами ҷонро хўред, ғами пулро нахўред. Ин чирки даст аз сари ҳама мемонад. Ва он хўрҷин сари ҳамаро мехўрад».
Як нафаси дароз баромад. Мазмун гов вазн ба замин андохта хобид. Аламаш зиёд барин. Сонӣ ба кавша даромад. Оруқ ҳам дод, ки бўйи бад омад. Баробари ба оғил даровардан бўйи бади оғилро шунида буданд. Мол овардан сарборӣ. Ҷаҳаннам бад бошад, ҳамин қадар будагист. Ҳанг зада баробари садо бод шикастани хар бадтар аз ҳама. Ҳавойи нафаскашӣ нест. Ҳама ин корҳо барқасд.
Ҷазое бадтар аз лаби борайи Сагкуш бурда як лагат задан.
Берун орому хамўш. Ягон кас паси дар ё саҳни ҳавлӣ намегардад. Ҳама мушвор дар кадом сўрохиҳо ҷой шуда, аз омадани кадом гурба метарсанд. Гов кавша мекунад. Садойи ғириччоси дандонаш меояд ва бўйи даҳонаш. Бўйи шоша ва саргини молҳо ҳавойи оғили бадбўро бадбўйтар мегардонад. Арақи тарс хушк гашта, танро арақи алам пахш мекунад.
«Аз чунин рафтор мурдан авлотар, Исохўҷа...»
Исохўҷа посух нагуфта аз паси девори оғил садойи гаштани ҳайвоне ё шарфайи дуздонайи пойи одамӣ омад. Ҳарду шуниданд.
Аммо ҳаяҷону нигоҳи ҳамдигарро намедиданд. Дастони баста ҳам имкони ба ҳам расиданро намедод.
«Аҷал...»
Ҳамин қадар пичиррос зад Маъруфхўҷа.
«Шояд. Лекин таги дили ман як рўшнойӣ дорад».
Аз кунҷи девори паси оғил садойи ба санг хўрдани санг омад.
Саги ҳамсоя ак гуфту хомўш монд. Чанд ҳавлӣ он тараф хурўсе бонг зад. Мурғони дигар ҳамовоз шуданд. Садойи гиряйи субҳонайи мурдадорро мемонд.
«Мешунавед?»
«Ҳооо. Ба назарам бом меларзад. Ё касе пушти бом мегардад».
Боз бархўрд санге ба санг. Зери пўсти онҳо мурғак давид. Сонӣ ғиричӣ садо баровард сойиши оҳану санг. Ҳамин хел, ки касе бо мисрон санг меканад. Вале хеле беҷуръатона. Акнун тап-тап ба замин бархўрдани санг шунида мешуд ва садойи ҳиш-ҳиши одамӣ меомад.

пешина
аз 421
навбатӣ