Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин кор бештар дар сари дастархон мешуд. Шояд даруни эшон бод гирифта бошад, ки онро аз даҳон баровард ба таманнойи кушойиши додааш.
Султонбекро нафорид, ки рўй турш кард. Тўрабек дид ҳоли ўро ва ба сухан даромад:
— Инак мо бояд вазифайи ҳар касро муайян кунем.
«Агар бемалол бошад ва бовар дошта бошед, кори фиристодаҳойи Ҳукумати Шўроро ба мо супоред» –Таъзимнамо кард Бобо.
— Шумо киҳо?
— Ману Муҳаммадназар.
— Муҳаммадназар-паҳлавон? – сўйи ў нигариста гуфт Султонбек. – Худам ҳам чунин ният доштам. Лекин нияти маро шумо аз куҷо фаҳмидед, Бобоҷон?
— Дилро ба дил раҳест.
— Офарин! Ба ҳар дуйи шумо рухсат. Шаб аз натиҷайи коратон хабар медиҳед.
— Хуб шудаст!
— Пулҳо ноҷо нашаванд!
— Хуб шудаст!

Чун эшон дар дуояш сифатҳойи хуби масчоҳиёнро зикр кард, дигар сухан аз мардонагӣ, ҷавонмардӣ, меҳмоннавозӣ ва ватандориву ватанпарастийи онон ҳарфе нашуд. Балки ҳозирбин гашта аз пайи муроду мақсад шуданд ва Бобову Муҳаммадназарро ба шикори Исову Маъруфхўҷа фиристоданд. Бо сардорийи ин ду марди бебоку сахтҷон расиданд ба роҳи махуфи миёни Ярму Самҷон.
Дастайи аксулинқилобчиёнро низ ба ду гурўҳ ҷудо карданд. Ниме бо сардорийи Муҳаммадназар дар деҳайи Самҷон маъво гирифт, ними дигар зери назари Бобо поёнтар қарор истод. Доме буд тангнойи кўрроҳа, ки нақбе одамгузар ва молгузар дошт. Аз он сўйи Зарафшон, аз Деҳманора ва Палорак дидани роҳ ва рустойи офтобрўяйи водӣ осон ва возеҳу рўшан буд. Аммо чун шом наздик буд ва офтоб паси кўҳҳойи баланди ҳалқагирифтайи ҳавза мерафт, рўйи рўдборро як пардайи бунафшаранги маҳин пўшида буд ва аз паси он аз мўриҳо ва оташдонҳойи рўйи ҳавлӣ боло шудани дуди сиёҳи ба меғ мубаддалгарданда ба чашм мерасид. Ва ин ду пардайи ҳарири доштанашаванда чу сарпўши асрорнигаҳдор ба рўйи деги дарвешон фурў омада буд. Гарчи дар ин дег ҳама чиз махлут меҷўшид, аз гаронийи сарпўш бўй, буғ ё меғ будани он аён намегашт. Аммо дар паси харсангҳо, деворҳо, буни ҷаркану обкандҳо дилҳойи ба чунин домандозӣ одатнакарда дар тапиш буданд ва баъзе дилҳойи аксулинқилобчиёни дудила ва ё зўран ба ин роҳ омада истода-истода мезад; соҳибонашонро зери обу арақ гузошта буд.

пешина
аз 421
навбатӣ