Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Туғрали доно «ҳааа» гуфту монд. Зеро чандин бор гуфта буд, онҳо ба инобат нагирифтанд. Аз бағалкиса пари шоҳинро бароварда буд, ки ба дами нафасаш доранд, пар меҷунбад ё на.
Напазируфтанд, балки шоирро беақл шумориданд. Ҳоло бо як «Ҳааа»-йи кинояомез хомўширо авло донист. Тундхўйиву тундзабониро бойгонӣ кард. Ҳол он ки дар ҳама ҳолат тундӣ дошт; бо дунону пастон ва нобакорон муросо накарда буд. Сиёҳро сиёҳ мегуфт, сафедро сафед. Ҳозирҷавобу ростгў буд. Ҳарфи касеро намехўрд. Аммо дар пеши таппончаву тиру камон ва теғу найзаву синон забони тез ҳам кунд мегаштааст. Гарчи мағзи сар аз тир ҳам тезтар кор кунад. Ў аз муколамайи рамузгири Шатенин гурез карданӣ шуд, то ба доми тазвири ин мармузандеша наафтад, ба рўйи зани парешонмўй сар хамида «Хоҳар! Хоҳар! Мешунавӣ?»
гуфт. Ба чашмаш тофт, ки зан зўру нерў ҷамъ карда, хаёле чашми чапи пилкҳояш ба ҳам часпидаро нимкоф кард. Баъд сурати хирайи одамиро дида, дар дилаш фараҳи пуралам дамид; хориаш омада, ба ҷойи ҳама гуна посух аз ҷойи шукуфтайи чашмаш об таровид.
Касе алам нагирифт аз чунин ашк. Балки шодмон шуданд.
Аз дарду алами тағо ё ҷон дамидан ба тани модар сиришк шуст рухсори Бурҳонро. Лек сўйи модар табассум кард, то шодмониашро бубинад. Аммо модар фарқ намекард, ки миёни хандаву гиря чист? Аз сар ва дили писар чӣ мегузашт ва дар чунин ҳолат чӣ бояд бикунад, худаш медонист; коре карда натавонист.
Шарифа чизеро фарқ карда натавониста боз чашм пўшид.
Табассуми Бурҳонро надид; ҳатто пай набурд, ки писар чӣ андоза шод шуд аз чашм нимкоф кардани ў. Ё надиду ба маъниаш сарфаҳм нарафт ва ё хушаш наомад.
«Ё бедор мешавад. Ё хона равшан мекунад...» аз дил гузаронд шоир. Сонӣ оҳиста чашм чаронд то дуртар ва чашмаш ба Гули Бодом афтод, ки ҷонвари сармозада барин сукут варзида, сархам андешае дорад одамона. Аммо бораш гарон метобад. Ба назари шоир дар чашми хўрҷин чизи вазнин бор кардаанд. Қуттийи тири туфангро монад. Ў ҳайрон монда бомулоҳиза зеҳн монд ва ба чашмонаш бовар накарда, оҳиста сари по шуд, то дурусттар бинад, ки чашмаш фиреб намедиҳад? «Ин корро кӣ карда бошад? Ман зинда-ку? Касе напурсид. Ба хотири чӣ?» Дида давонд бо пурс ва Шатенин нигоҳашро гурезонд.
«Ташаккур!»
Паст бошад ҳам, ин садо Туғралро ба худ овард. Вале нафаҳмид, ки чаро Бурҳон аз Шатенин миннатдорӣ мекунад? Даст пеши бар гирифта тасаддуқ мехонад. Шатенин маккорона табассум карда андаке шапкаро пушти сар тела медиҳад бо нўки ангушт ба маънийи таъзим ва ба саҳройи кушод менигарад, ки боз кӣ дораду чӣ дорад ин дашт.

пешина
аз 421
навбатӣ