Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

рафт, ки будан ё набудани ин ҳаромхор аҳамияте надорад, лекин оламро аз ҳаромиҳо пок мегардонад. Дар як маврид ба гумҷў суд мекунад: гоҳе ки ягон кўҳистонӣ дар ҷарӣ ё вартае фитода мираду ҷўяндагон онро пайдо карда натавонанд, сўйи осмон нигариста каргасрез меҷўянд.
Беихтиёр Туғрал нигарист сўйи фазо, ки ду паррандайи ҳамҷинс ба умеди лоша, бим аз одамон накарда ором ва якмаром ҷувозак мегарданд дар осмон. Баъд нигоҳашро лағзонда заминӣ гардонд то қомати ростойи ҳайрони командир. Командир Шатенин рост ба ў менигарист ва гўйӣ рафтору ҳаракатҳойи шоирро наззора мекард.
— Шинохтӣ, шоир?
Аммо Туғрал фарқ накард, ки ў киро мепурсад? Мурдагонро ё мурдахоронро? Ў посухе надода китфон дар ҳам кашид. Ба ҳар ҳол аз дил гузаронд: «Тани сарбуридаро кӣ шинохтааст, ки ман шиносам?»
— Дўст? Душман?
Туғрал ба чунин пурси Шатенин боз китфон дарҳам кашид.
— Ҳама дар чӣ ғаму ту дар чӣ ғам?
— Ғами ман ғами шумост, рафиқ сардор!
— Ҳааа...
«Ҷунбид! Миҷааш ҷунбид!»
Ҳама хам шуда ба чашмони ў нигаристанд, чунон ки ташна сўйи чоҳи об. Танҳо Туғрал дуртар, гирифтори андешайи дунё ва зиндагӣ буд: «Дар омаду рафти ин роҳ бисёр чизҳоро дидааму шунидаам. Аммо чунинашро ҳаргиз надида будам. Марги мармузи афсонавиро, ки занро то сина гўр карда сагбаччаҳоро маконида бошанд, шунидаам. Аммо... вале... лекин...
Шатенин канор хонд Бурҳонро. Аммо Бурҳони гулўгир наметавонист ҳикоят кунад достонро. Канда-канда ва бо ишораву ҳаракот ҳамин қадар фаҳмонида тавонист: «Ёрмуҳаммад сардаста буд... Диёрро, одамонро ҳимоя карданӣ шуда, ба муқобили Ҳомид-қўрбошӣ...»
— Гуфта будӣ! – сухани ўро бурид Шатенин ва рў овард ба Туғрал:
— Шоир, чӣ роҳи раҳойӣ ҳаст?
— Агар ҳарбпизишки шумо надонад, ақлу дониши ман ба ин чиз намерасад. Расми мо, агар кас аз ҳуш равад, ба рўяш об мезананд...
— Занед оби сард!
Ва заданд оби сард. Мурда ба назари баъзеҳо ҷунбид ё ларзид.
— Чаро пештар накардӣ чунин?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор