Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

ҳавола мекунад, ки ҳама чизро ақлаш мегирад, фаросаташ ба ин чиз ҳам мерасад. «Агар аз ман норозӣ ва ё хафа ё дилмонда бошӣ, хуб аст бигўйӣ…» Ва аммо ҳамин чизро ҳам гуфта наметавонад зани ҷавон. Рўзафзун мекоҳад рангаш ва ба ранги заноне монанд мегардад ё хунашон кам шуда ё солҳойи зиёд дарду ранҷ кашидаанд. Туғрал пай бурда аламу дарди ўро, аммо хомўш мегардад.
Зеро як алами танҳо будан миёни пайвандону табор ва аҳли диёр қиссайи талхи дигар пеш омад, ки метавонад тухми ўро хушк кунад. Истам низ аз ин боб андеша дорад, ки мабод ки бойиси ҷудогиашон шавад. Ранги Туғрал низ коҳида, аммо ба касе чизе гуфта натавонад. «Душмандорӣ ва нотавонбинӣ кори сахт бувад.
Худоё, писарамро куштанд, ҳамсарамро ба чунин ҳол оварданд.
Фардо бо ман коре кунанд…»
«Ай сипеҳри бемурувват, ин кадомин шева аст?
Нола месозам зи дастат, то чу нолам кардайӣ!»
Ў андар канори рўди Зарафшон нишаста, даст ба дуойи Осмон кушода ва нигоҳ ба сипеҳри бемурувват дўхта, мехонад баланд, то посух ояд. Аммо ҷуз садойи худ чизеро намешунавад ва ҷуз гармийи сиришки сўзон таъсиреро эҳсос намекунад ва баъзан садояшро кўҳҳойи гурусна ва рўди ташна мехўранд, ки кару гунг мешавад. Баъд миёни шахҳойи баланду гарон гўя мекунад, монанд ба мўя, то касе нашнавад, ҳатто Худованд:
Шарар ба арзи таманнойи ҷастани аз санг,
Дар ин ситамкада умрест хуфта бо дили танг.
Ба боғи даҳр, ки андар гулаш намебошад,
На эътибор ба бўю на эътимод ба ранг!
Бақо ба талхийи заҳри аҷал намеарзад,
Махур фиреби таманнойи рангу бўйи шаранг!
Хаёли роҳат аз ин чодари фусун манмо,
Ҷаҳон, ки ҷойи фиреб асту хонайи найранг!
Маҷў зи вазъи ҷаҳон қадру эътибори маро,
Шудам ба сафҳайи имкон мисоли мисраъ ланг!
Сиришки ғам ба раҳаш баски рехтам, Туғрал,
Зи ҷўши ашки надомат равам ба коми наҳанг!»
Ай Бедор! Дидӣ ҳамаро! Агарчи нафармудӣ куштани оҳубаррайи маро, дидиву донистӣ. Инони кор дар ихтиёри туст, пас
чаро нанамойӣ он дуздонро, то аз ҳазор бандаат гумонбар ва
домангир нашавам!? Фолбинон гўянд: фалон ранг кас, фалон хел
душманӣ дорад бо ту ва рўзе рў занад ва худ иқрор кунад. Аммо
ман ба фоли ҷўгӣ бовар надорам. Зеро то ҳанўз коҳине, фолбине,
раммоле ва ё пешгўе пайдо нашудааст, ки дуздро ё қотилро бо ному симояш гуфта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор