Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар кӣ кунад даъвийи ҳамсангиам,
Паллайи мизони вай андар ҳавост.
Модари айём назояд чу ман,
1
Ҳайф, ки лўълўйи сухан камбаҳост…»

Ба ҳар ҳолу коре бошад ё набошад, ў пиндорад, ки мурғи озодро ба қафас гирифтаанд. Дигар натавонад, ки ҷавлон занад ва парвоз кунад. «Ман беҳуда садди роҳи нағмаҳо ва дилхушиҳойи мардум шудам. Чун дигар дилхушӣ надоранд, дар ин муҳити тангу якранг ҳар нағма мебофанд ва бозиҳо месозанд, то бо тамошойи он ҳама чизро фаромўш кунанд. Вагарна чӣ мондааст, ки нағмаҳойи аз суғдиён меросмондаро гирди кундаалоб такрор кунанд: «Иҳа якка!» гўён то гирифтани овоз гулў дарронанд ва ҳол он ки ин нағмаву суруди зўроварон садову нағма, ҳаракат ва бозие дораду авҷ, аммо сухане ҷуз ин садо надорад: «Иҳа якка!» Бо чунин рафторҳо хешро шод медоранд ва агар фарзанддор шаванд, базм меороянд, ки назди мардум обрўманданд, сарбаланданд. Аммо маро худованд ба ин чиз ҳам сазовор намедонад. Истам нозо баромад. Ва ҳарфи падар пеш омад…»
Ва аммо худованд писаре дод ўро, гарчи дер буд. Вале зуд гирифт. Оварданд, ки душманон нобуд сохтанд писари ягонайи шоирро. Лекин Туғрал намедонист, ки душман кист? Наход як инсони гирифтори андешаҳойи хеш, ки дар роҳи ҳақ сухан меофарад, некиро авло аз дунёйӣ медонад ва хаёли бадӣ надорад, низ душман дошта бошад.

Борҳо дар дили ман буд таманнойи писар,
Лутф созад ба мани хаста худованд агар.
Омад охир зи карам нахли муродам ба самар,
Монд ҳасрат ба дилу кард аз ин дор сафар.

Гўё аввалин бор сари ў аз андешайи зиёд ва хеле ноҷо афканда гашт. «Кист ў?» Намедонад. Авлоди занаш ва он сагбозони
хушекатиро пеши назар меорад, вале дарёфта наметавонад. Ва
чун Истамро зок дода, нозову безурёт гардониданд, донист, ки
кори бадхоҳон аст ва шояд решааш аз ҳамон маншаву пархошҳойи заношўийи Туғрал бошад. Вале дастак ва ё дастгираке нест,
ки дорӣ ва собит гардонӣ, ки чунин буду чунин шуд. Ба д-ин
минвол нўҳ сол гузашт. Туғрал аз Истам бадие надидааст ва ё
ўро сарзаниш накардааст. Танҳо аз нигоҳҳойи хиҷолатмандона
ва боҳаёву гўё гунаҳкоронайи ў дарёбад, ки зан чизе гуфтанист,
аммо наметавонад бигўяд; ба назар ба фаҳму фаросоти Туғрал

  1. Лўълўъ – дурр, марворид.
пешина
аз 421
навбатӣ