Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ва Нақибхон таҳкобӣ накарда, чун киноя пазируфт ин фарқгузориро ва ба ҳуҷрааш рафта дастори хурди кабудчаро гирифта хуб зеҳн монду андеша кард ва чӣ маънӣ доштани ин латтайи дарозро нафаҳмида рўйи китобҳойи тобадон гузошт ва тоқийи гунбадшакли сабз пўшид, ки гоҳ-гоҳ ба сар мекард баройи рангорангийи олам. Бисёрийи ин корҳо аз рўйи ҳавову ҳавас буданд ва тақлидкорие ба кадом мударрис.
Аввал ба ин чиз эътибор дода ва ҳарфи занакро ба дил гирифта чанд рўз аз назди нонфурўшон гузар накард. Вале чун дид, ки аз таровати ин зану одобу услубаш бенасиб мемонад ва он чўҷайи париро намебинад, дур-дур гашта ба ин ҷониб зеҳн монда хумор мешикаст ва ҳамин ки духтарчаро ба ҷойи модар нонфурўш медид, зуд омада як нон харида ба ҳуҷра бармегашт. «Калон шавад, ба модараш монанд мешуда бошад?»
Намефорад Нақибхонро дар ҳуҷрайи хурди мадраса умр ба сар бурдан, гарчи хуб аст ва бо мударрису муллобаччаҳо ва қорибаччаҳо сўҳбату баҳсу ройсозӣ кардан. Вале ў ҷойи ором ё кунҷи танҳойӣ мехоҳад. «Бармаҳал… Баройи шумо барин ҷавон намезебад дунёбезорӣ.»
«Чӣ хел дунёбезорӣ? Маро оромӣ мефорад; шеър гуфтаниам.
Охир ашъори Мирзо Абдулқодири Бедилро аз бар кардан лозим.»
Падар ҳам розӣ нест, ки Нақибхон аз мадраса дур шуда ба доми кадом авбош ё бесаре афтад.
«Ман ба чунин умед пул дода ҳуҷра харидам, ки…»
«Не, падар, шумо оед, имкон намешавад, ки як шабро дар ҳуҷрайи ман гузаронед…»
«Ғами маро нахўр. Ман ҷой меёбам. Абераву чабераҳойи Хоҷа Аҳрор ҳастанд… Як кори дигар кунем-чӣ? Ман бо модарат машварат кунам, аз Самарқанд ҳавлӣ харем?»
«Чӣ зарурат, падар? Агар баройи ман бошад, лозим нест. Ҳамин ҳуҷра мешавад. Ташвиш накашед.»
Аммо падар ташвиш кашида аз шаҳр ҳавлӣ харид ва кўч баста омад. Туғралро хубтар шуд, ки акнун ба ҷойи як ё ду нон даҳ нон мехарид ва агар аз Фарғар меҳмон зиёд ояд, зиёдтар. Мардуми Кўҳистон ба шаҳр ки омаданд, ошно меҷўянд, ақли меҳмонхона рафтан надоранд; хонайи шинос бехавфтар аз меҳмонхонаву корвонсарой, мегўянд баъзе овозаҳойи дар борайи шаҳриён бофтаашонро асос карда. Вале Нақибхонро ғаме нест; баракс меҳмон зиёд ояду ў бисёртар нон харад. Нақибхон намедонад, ки чӣ мекашад ўро ба ин ҷониб. Нон зиёд «Айини мана гиред; гармакак, сафедакак!» мегўянд занҳо, вале он зани чеҳраошно ё духтараш чизе нагўянд ҳам, ин мизоҷ назди онҳо меравад, нархи нонро напурсида пулро дароз мекунаду нонро мегирад ва гоҳи рафтан нигоҳи меҳрубонона меандозад. «Ҳамайи мардони кўҳистонӣ ҳамин хел: аз хурд то калон зани чеҳракушодаро бинанд, миёни ду абрўяш ҷой гирифтан мехоҳанд.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор