Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гир аз турраи ў сархати ошуфтадилӣ,
Нест устоди дигар дарси парешониро…»

— Муҳобот мекунед!
— На! Муҳобот на! Ман туро дар сари кўҳи баланд дида, парешон шуда омадам.
— Хоб дидед?
— На. Дар бедорӣ.
Ва Тўтийи бемор бо шунидани қиссайи «сайёду ғизол» худро ба гардани Туғрал овехт: «Шоири ишқи ман!»
Туғрал:

«Дар ғами ишқи ту охир нотавон хоҳам шудан,
Оқибат дар хок чун тири камон хоҳам шудан.»

Тўтӣ:

«Ошиқонро хоксорӣ рутбайи озодагист,
Зери пойи тавсанат чун парниён хоҳам шудан.»

«Худоё, олами гирдгардону қисмату сарнавиштро бубин: магар ман гумон доштам, ки ин паричўҷа рўзе ба пешвози марди кўҳистонӣ мебарояд?» Рўйи кат рў ба рўйи ў нишаста симойи ширин ва ҳусни рухсори ўро дида пеши назар меорад духтарчайи кокулдори чолокро, ки ҳар рўз чун дастёри модар ба растайи нонфурўшони паҳлўйи мадраса рафта чаҳор нон рўйи даст ба ҳар раҳгузар пешкаш мекунад, ки нони маро гиред. Ва талабайи мадрасайи Тиллокорӣ ҳар бори нон харидан аз нони ў мегирад ва агар набошад, нон нахарида пас мегардад то пайдо шудани ў. На. Баройи ишқу ошиқӣ на. Ба ҳусни рўйи духтарчайи асри куҳан менигарад ва милаҳойи ба нўкаш пахта андохта – баъдтар шамалаку пўпак илова карда зеҳн мемонад; аз дилаш чӣ андешаҳо мегузарад, худаш медонад ва меравад. Гоҳ-гоҳ ба модари сафедрўйи пуррагўшт, либосҳойи одмиёнайи ў зеҳн мемонад ва тамкину бардошти ўро ба назар гирифта «аҷаб» мегўяд ва зиёд фикр мекунад: «Шумо аз тухмайи Хоҷа Аҳрор нестед?» Гумонаш дар Самарқанд ҳар каси хуб ва зани зебо аз дудмони Хоҷа Аҳрор мешавад.
«Кадом Хоҷа Аҳрор?»
«Хоҷа Аҳрори Самарқандийи дар қадим гузашта.»
«Не, муллоҷон. Мо қадимиёнро намешиносем.»
«Палакатон тоза барин, баройи ҳамин мегўям.»
«Шумо аз он наслу наҷод ҳастед?»
«Бале…»
«Мегўм, баройи чӣ саллачаатон аз дастори дигар муллобачаҳо фарқ мекунад.»

пешина
аз 421
навбатӣ