Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

ашк
Овоза шуд, ки Баҳриддин оқсақолро аз ҳабс озод карда сўйи Бухоро гурезонидаанд. Аммо аз усто Раҳмонқул дараке нест. Халқ дар ин бораҳо мегўяду ҳеҷ амалу ҳавсалаву талвосае надорад.
Усто Фаррух овард хабарро, ки куҷо ғайб задани Раҳмонқули дарздўзи урметаниро на худиҳо медонанд ва на ҳаққу ҳамсояҳо ва на онҳое ки ҳар гоҳ ба устохонайи ў қадам ранҷа мекарданд; инчунин аз аҳли «Иттифоқ» касе огоҳ нест. Бонги хатар мезананд, «кори душманони синфӣ» мегўянд, аммо касе чизи дуруст гуфта наметавонад. «Гўрҳойи кўҳнаро ҷустан лозим; рўзи Шамсиддин ба сари усто ҳам омада.» Лекин суд надорад ин ҳарфҳо. Ба ҳар ҳол Туғрал аввал ба хонайи усто рафта аз пайвандонаш ҳолпурсӣ кард, баъд ба сари мазори Шамсиддин омад. Ў гирист. Касе гумон намекард, ки Туғрали шўх, бебок, тундзабон ва ҳозирҷавоби гоҳ ринду гоҳ мусулмон ба марги шинос гиряд. Воқеан Туғрал баъзан худро бепарво вонамуд мекунад ва чунон менамояд, ки дунёро об барад ҳам, парвое надорад. Вале ҳоло хоки мазори ҳанўз сабза надамидаро аз ашк тар мегардонад… Чунин: баъзан дунёро об барад, ў парвое надорад, вале гоҳ-гоҳ ба марги бечорае дарё мегиряд. Ба марги ононе парво надорад, ки кас нестанд ва ё ҷуз дарди шикаму ғами тани худ дарде надоранд. Аммо донад, ки оқиле, гетиафрўзе, донишманде, ватанхоҳу ватанпарваре гетиро бадруд гуфт, хун хўрад; ба вижа ноҳақ ва ё дар роҳи ҳақ қурбон шуда бошад. Ба назар шоир танҳо Бедил мегўяд, шеърҳойи ўро мехонад, мўшикофи шеъри ўст, тақлид мекунад, мухаммасу мусаддас мебандад бар ғазалҳойи ў; ба маъниҳойи борики шеъраш фурў мераваду сарфаҳм… дигар андешае надорад. Дар асл ҳамадон: аз Рўдакӣ то Шоҳин устодони ўянд; аз бар донад офаридаҳояшонро ва аз тақдиру рўзгори сипариашон андешаду ғам хўрад. Дунё накунад киройи гиристани мо. Баъд Тўтиро ҳадаф дониста месарояд.
Зеро он чӣ аз устодони гузашта ва рўзгори кунунӣ омўхту донист, баройи ба даст овардани чунин Тўтиҳост. Дунёйи Нақибхон аз ҳамин манзилу макон ибтидо гирифт: падари бохабар аз ду сарой Бобохон писари нозгунҷу зиракаш Нақибхонро аз Фарғар ба Самарқанд овард ва аз мадрасайи Тиллокорийи Регистон «ба қимати ёздаҳ ҳазор тангайи мирӣ» ҳуҷрае харида писарро ҷой кард ва ба мударрисон «пўсту устухонаш аз ману гўшташ аз шумо» гуфта, ба Кўҳистон баргашт, пасон ба хотири ў чанд муддат ба Самарқанд кўчид, то писар хешро танҳо эҳсос накунад. Вале Нақибхонро оромӣ хуш буд аз он ки ўро касе халалгор бошад ва аз омўзиши илму адаб дур кунад. Нақибхон ҳама илмҳойи замонаро аз бар мекард чун нобиғагони пешованд. Вале ҳуҷрайи мадраса сермағал буд ва омадшуди дўстону пайвандони толибилмон зиёд. Боз ҷое лозим буд Нақибхонро, ки ҷуз китоб ва хўрданиву ошомиданӣ чизе ё касе надошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор