Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

боло шуданд. Қозӣ табассум дар лабон ба ҳарду тараф менигаристу миннатдорийи хешро бо аломати сар ифода мекард ва шодмонӣ дошт, ки муродаш ҳосил хоҳад шуд. Боз гуфтание дорад Исохон, аммо ё фурсат нарасида ва ё давра мувофиқ нест.
Муфтиву муллоҳо, қозиву қозичаҳо ва аъзойи «Шуройи ислом» ва дигар душманони ҳокимияти Советӣ аз забони қозикалон чизеро нигаронанд, аммо ў он чизро ифода карда наметавонад ё гуфтан намехоҳад ва донад, ки бе баҳси сари хон он ишкол осон гардад.
Муфтӣ: – Дар ҳузури пушту паноҳи қуввайи ислом ҷаноби Зайсев арз кунам, ки мардуми Самарқанд аз қудуми муборакашон сарфароз буда, умед ба шумо ва сипоҳи музаффари шумо доранд, ки дунёйи исломро ободтар хоҳед кард. Вале дар ин шаҳри куҳанасос ва пурдидаву пуркарда гурўҳҳое ҷой гирифтаанд, ки сиёҳро аз сафед фарқ накарда ва баду некро сарфаҳм нарафта, ё суду зиёнро надониста, дўсту душманро нашинохта ҳаргуна моҷароҳо меангезанд, пархошҳо ба миён меоваранд ва сабаб бар он мегардад, ки одамони номдор ва хубу бегуноҳро ба тўҳмат сазойи ҷазо медонанд. Чанде пеш касони номаълум Шамсиддин ном узви «Иттифоқ»-ро куштаанд ва ин ташкилот аз «Шўройи ислом»
домангир шуда, Баҳриддин оқсақолро ба ҳабс кашид. Агар…
Қозӣ: – Мўҳтарам муфтӣ, шумо ин корро ба мо супоред, ҳамроҳи ҷаноби олӣ Зайсев машварат карда илоҷи ин корро ёфта, ҳақ ба ҳақдод хоҳем расонд.
Зайсев баъди аз забони қозӣ шунидани номаш гўш ба даҳони Турғун медошт ва дам ба дам ба тасдиқ сар афшонда, тарҷумонро бовар кунониданӣ мешуд, ки масъала мушкилоте надорад ва ҳалли худро хоҳад ёфт. Ва баробари маънийи муроҷиати қозиро шунидан сахттар сар такон дод ва садояш баромад: «Конечно!»
«Халқ ба як газ нон зор, дастархондорийи қозиро бубин.» Тақрибан нисфи зиёди дар саҳни мадрасайи Бибихонум нишаста, хоҳ ҷонибдори қозӣ бошад ва ё зидди тартиботи давлатдориаш, ин андешаро аз зеҳн мегузаронд, вале овоз баланд карда наметавонист, ки биринҷашон обро намебардорад. Қозӣ ҳозир буд ба дастбўсийи саргурд Зайсев; аз ҳар нуқлу наво гирифта ба тақсимчайи назди ў мегузошт ва бо даст ишора мекард: «кушайти». Чунон ба меҳмон сухан мекард, ки ба забони ў мегуфта бошад ва Зайсев содагийи ўро дарёфта «суханатон маъқул» сар меҷунбонд.
«Ин мадрасаву манорро кӣ ба ин ҳол оварда бошад?»
«Рафиқ Зайсев, ин кори Темури ланг.»
«А! Тимурланг! Знаю. Хромой, грозный Тимур!»
«Вы изнай, тавариш, Зайсев! Бало!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор