Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ва ғалмағал зиёд шуд, ба бенизомӣ бадал ёфт. Талоя намуд. Ба дунболи он савори аспи сафед, ки ҳама пўшоку каллапўш, ҷуз мўза, сафед буданд. Дирафши фавҷ низ сафед. Аз ҷонибе омад, ки қозӣ Исохони мушаввашу парешон, ки гўйӣ дар рўз ситора мешуморида бошад, сўйи само менигаристу нигоҳашро оҳиста-оҳиста ба роҳи мазори Шоҳи Зинда, расадхонайи Улуғбек ва мадрасайи Бибӣхонум медўхт. Роҳи сангфарш аз зери наъли суми асбон садойи бератб мебаровард. Воҳимае дошт. Ду шотири бараҳнапой рўйи сангҳо дар ду канори тавсан лигом гирифта сахтҷон метохтанд ва сангкўб шудани кафу пошнайи пойро дарку эҳсос намекарданд. Зеро онҳо одамони дар нимароҳ фиристодайи қозӣ буданд, ки бояд роҳ намоянд ва то Регистон ҳидоят кунанд. Аспи сафед гоҳ ба чапу гоҳе ба рост гардан тофта ва думу фиш афшонда ва даҳана хойида, кафки даҳон резонда; сағрӣ, пешсина ва чатанаш аз арақ тар; пойҳояш рез ва гарданаш барафрошта, кишнаву карашма карда, баъзан ёлу сурин дода меомад. Ду шотири ҷавони музофотӣ ба нағмаҳойи фарас майл кардаву мутеъ гашта чунон метохтанд, ки пояшон ба замин намерасид.
Издиҳом ба ҷунбиш омад. Расану танобҳо тарангу суст мешуданд. Шохҳойи дарахтон аз баччагони ҳавасманди тамошо вазн оварда, аз беқарориашон ба ҷунбиш омада буданд. Кафкўбиҳо аз охири раста сар шуд ва то назди онҳо омад.
Ҷосуси фиристодайи қозӣ аз назар дур монд. Ва ё аз омадани меҳмонон ҳама дар ташвиш афтода якдигарро гум карданд. Туғрал дастор аз сар гирифта сари тоқиӣи рахаш зери дастор шикаста аз миёни мардум роҳ ёфта ба айвони чойхонайи кандакорӣ омада буд ва сутуни нигордори онро такя зада чашм аз онон намеканд, то чӣ кунанд. Аз ин ҷо хубтар тобад ҳама: абрўвони фахха, шиками дамида, либосҳойи фохиру оҳарийи қозӣ, ҳатто нишони сари синагиийи аз ҳукумати муваққатӣ гирифтайи ў. Кибру ғурур, салавоту сар ба осмон кашидани Исохони қозӣ, ба гирду пеш тоза карданаш ва остини ҷома дароз андохтанаш… Ба ў тақлидкорона рафтор кардани Эшони Тўра ва Мирзо Яъқуби миршаб зуд ба чашм мерасид. Аммо миршаб тез, мушавваш, серкору пуртаҳлука метофт. Сари синайи ўро низ нишонҳойи ҳукумати ҷорӣ оро медод. Шамшери каҷи дастааш нуқракўб андар наём миёни ўро зебу қувват мебахшид. Ва сабили монанд ба ду мори сиёҳ то баногўш кашида буд.Чизи таманно мекардааш ҳамин мўйлаб буд, ки дам ба дам ба ду тараф нўги панҷа мезад.
«Сафедҳо!»
«Зайсев!»
«Полковник Зайсев!»
Садоҳо омаданд. Аспи сафеди маст ворид шуд ба майдон ва полковники рус шамшер ба ҳаво бардошта салом кард ва ғулғула дар Самарқанд андохт. Гулҳойи дона-дона, даста-даста дар ҳаво шуданд ва гулбаргҳойи ранга ба сари полковник пош хўрда думғоза ва ёлу гардани аспи сафедро танга-танга нақшин гардониданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор