Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Оҳҳ… Чӣ даҳшат! Ба куштани як аскарбачча сафедҳо ё сурхҳо қатли ом мефармоянд; ба куштани ҳазорҳо мо хомўш меистем.
— Замин – сахт, осмон – баланд. Мо тифоқ нестем; ўро кушад, маро чӣ? Мегўем.
— Ҳамон қисса-дия; қиссайи Дониш: амири Бухорро гуфтанд самарқандиҳо, ки бар зидди Николай иттифоқ шавем. Гуфт: «Ҳоло ки ба Бухоро нарасидааст, моро чӣ ғам?»
Ва чашми Туғрал афтид қозиро, ки каҷ-каҷ менигарист сўйи онҳо, вале аз бими он ки аз он тараф фиристода меояд ва ў бехабар намонад, илоҷи шоирро даъват кардан ва ё ба балое печонидан надошт. Фаррух низ бар нуқтайи чашми ў дида давонда, бо кина ва бухз нигаристани Исохонро дарёфт.
— Шумо бояд Самарқандро тарк кунед, Нақибхон.
— Охир ман баройи Самарқанд бегона нестам…
— Ин нуктаро мо мефаҳмем. Баройи Қозӣ Исохон чӣ фарқ дорад, ки шумо аз куҷо. Ў бояд муҳити хешро тоза кунад, то санге сари роҳи ў набошад. Шамсиддин ба ў халале нарасонида буд, танҳо мегуфт, ки замини поки аҷдодиро пойи номубораке нарасад. Аммо қозиро фарқе нест: гўр сўзаду дег ҷўшад…
Аммо сўҳбати эшон анҷом напазируфта, ҷониби растайи Нав ҷунбише шуд. Ҳама чун қозҳо, ки гоҳи хатар баробар гардан ёзида ба сўе нигаранд, сар баланд карда, ба нўги пой меистоданд. Дергоҳ гарданак зада ва сар ин сўву он сў ҷунбонида омади касеро диданӣ мешуданд, вале касе пайдо набуд.
Ин замон Туғрал ба фаросати хеш ҷой иваз карданӣ шуда, аз зери каши Фаррух дошт ва имо кард, то паси анбўҳи мардуми тамошогар гузаранд. Мушоҳида аз он ҷо кард, ки қозӣ аз наёмадани қосиде ва ё талоя ноумед гашта, тасбеҳ аз зери остин баровард ва боз ба ҷое ки онҳо истода буданд, нигарист, надида осема гашт ва гирдгардон менигарист, ки шоири салласабзро пайдо кунад. Пайдо накарда ҷувозак гашт ва ба ғазаб омада ба гўши ҷавонмарде чизе гуфту фармуд. Ў низ ба ҷое ки андаке пеш Туғрал истода буд, нигарист ва ин ҷониб майл кард.
— Аз бало ҳазар! – аз дасти Туғрал дошта, сўйи гузари Панҷекат кашид Фаррух.
— Шумо шитоб накунед, инҳо маро кушта наметавонанд. Ҳар кас маро кушад, ба тир мекушад. Инҳо метарсанд аз озурдани ман. Ҳар кас маро куштанӣ бошад, тир мезанад. Қозӣ ба ин чиз ҷуръат надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор