Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ў магар вазифадор аст, ки то қиёмат ҳамроҳи шоир бошад.
— Ҷаноби тарҷумон, дилам гувоҳӣ медиҳад, ки дунё ва ин қадоба маро тангӣ кунад. Дилам мехоҳад ба кўҳи баланд равам…
ақаллан то Ҳафткўл. Ба тозагийи оби он ва рангинийи кўли Рангону Миҷгон ва Соя нигарам, ситорапарро бинам ва то ҳастам, осудаву озода бошам.
— Магар шумо таъқиб ё сарзанишеро пай мебаред?
— На, чанд муддат пеш, дар Самарқанд хоб дидам, ки Хоҷа Аҳрори Валӣ маро ҷустуҷў доранд, вале дарёфт карда натавонистанд…
— Хуб-ку?!
— Китобамро пайдо карда, бо худ бурдаанд…
Ҳар ду хомўш монданд. Туғрал чандин рўз аст, ки аз ин хусус фикру андеша дорад, чизе таъбиру дарёфт карда наметавонад.
Мирбобойи тарҷумон кўшиш дорад, ки чизе бофта, ин фикрро аз сари ҳамроҳ дур андозад, аммо чизе ба ёдаш ва ё сараш намеояд.
— Пас мегардем, Нақибхон…
— Шумо баргардед, ман аз пас шуморо дармеёбам.
— Ба ҳеҷ ваҷҳ шуморо танҳо гузоштан мумкин не. Ман танҳо баргардам, командир рўзи маро сиёҳ хоҳад кард. Вай дар сар чӣ андеша дорад ва чаро ҳар дуйи моро ба ин кор фиристод, намедонам. Вале ман вазифадор ҳастам, ки шуморо сиҳҳату саломат ба даста баргардонам.
— Аз шумо миннатдорам, ҷаноби тарҷумон. Аз ман хавф набаред, кўҳгарди моҳир ва сайёди нодир ҳастам.
— Ҳеҷ гоҳ танҳо барнагардам!
— Воқеан, шумо дар ин мавзеъ бегона ҳастед ва танҳо рафтанатон мумкин нест… вале чунон ки дидед, роҳ бекас, бехавф.
— Ман тарсе надорам, ҷаноби шоир, вале вазифадорам, ки шуморо ҳамроҳ барам.
— Ҷаноби Мирбобо, ман бояд кори гуфтаамро бикунам; қурбонӣ лозим.
— Дар штаб ройсозӣ кунем ва ишкол ҳал гардад.
— Ин корро ман бояд танҳо сомон диҳам, ҷаноб. Вагарна таъбири хобам барояд.
— Синни ман ба соли шумо наздик, ҷаноби шоир, аммо шумо барин марди якравро дучор наомадаам.
— Шумо дарду алами маро ба ҳеҷ сурат намефаҳмед.
— Гўед, то фаҳмам.
— Кайҳо гуфта будам: ман миёни обу оташ умр ба сар мебарам.
Ҳам ба ҳоли мардум месўзам, ҳам баройи кишвар. Медонед, халқ ин ҳолатро чӣ гуна ифода кардааст:

пешина
аз 421
навбатӣ