Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не. Наравед, тангно роҳ надорад. Аждар дорад, мегўянд, шояд кори аждар ҳам бошад.
— Чӣ хел кори аждар?
— Касони бадро оварда, хунашонро рехта, андак-андак ба об ҳамроҳ мекардааст.
— Афсона…
— Афсона бошад ҳам, инро бояд омўхт, шоири мўҳтарам…
— Ба командиратон ин ҳарфҳоро шумо мегўед, ҷаноби тарҷумон. Шон ба сухани ман бовар надоранд.
Мирбобо бо гўшайи чашм харсаворро гусел мекард, вале андешааш банд ба воқеаҳо буд. Чун Туғрал аз офариниш то имрўз
– аз қиссайи худовандон, анбиёву авлиё, шоҳону қаҳрамонон, ҳикоятҳойи ҳурмузиву аҳриманӣ ва кирдорҳойи касони шиносу ношинос огоҳ набошад ҳам, баъзе шунидаҳо ва бархе дидаҳоро аз лавҳи хотир мегузаронд: «Рўзгори фоҷиазо…»
— Ин қатли оме, ки мегўед, ҳамон қатли ом аст?
— Монанд ба он, вале дигар. Сарбозе дар гўристон буни гўрхонае росто шошида будааст, онро наберайи соҳибқабр дида, аз пас омада бо хишти мазор ба сараш зада, куштааст… Ва командири сурх қатли ом фармудааст.
Ба андеша рафт Мирбобо ва пас аз муддатҳо сар афшонд:
«Сагро аҷал расад, дар меҳроби масҷид мезад.»
— Меравем?
— Куҷо?
— Назди гурўҳ…
— Шумо биравед… Чӣ хел ки маро пой намеравад.
— Ҷаноби шоир, ҳама чиз равшан. Шумо дурўғ нагуфтед.
Об хунин. Аммо дар тангно дидан имкон надорад. Ҳаминро арз мекунем, Прохор Иванович ҳар чӣ хоҳад.
— Ба ростӣ, поям намекашад.
— Ман ҳамаашро ба ў мефаҳмонам. Савор шавед.
— Ман ба дарайи Шинг меравам. Як гўспанди кабуд мехарам, оварда андар даҳанайи тангно қурбон мекунам. Аз паятон рафта, дармеёбам.
— Пас ин кори савобро чаро ҳамроҳ накунем?
— Дер мешавад, фавҷ дар таҳлука меафтад.
— Боке нест. Даста ба ҷанг намедарояд; роҳ мепаймояд.
— Ман мехоҳам танҳо бошам. Дилам сахт гирифтааст. Шеър гуфтаниам.
— Ман ба шумо халал намерасонам, ҷаноби шоир, шеър бигўед, тақрибан сад-дусад қадам дур мегардам.
Нақибхон чӣ кор карданро намедонад ва аз шилқинийи тарҷумон дар ҳайрат монда, ки чаро ҷудо буданро раво намедонад.
Дилаш тангтар аз тангнойи касногузар, ки ҷуз обу ҳаво чизе нагузарад. Дар дили гирифтааш шеър ҳам намегунҷад, аммо коре карда аз ҳамраҳи сустаносир раҳо ёфтанист.

пешина
аз 421
навбатӣ