Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Гарчи ҳавойи асб дили ўро мешукуфонд, ҳолиё якбора дилаш гирифту сих зад ва чашм танг кард, ки синни марг нест. Ба ҳар ҳол фоли нек ҳам нест.
Гарчи дар ғайбаш ҳар гуна дурўғу носазо мебофанду мегўянд ва тўҳматҳо мезананд, дар ҳузураш касе чизе гуфта наметавонад.
Зеро аз тундгўйӣ ва ғазаби ў ҳама бим доранд.
— Воқеан, чизе ки гуфтед, ҳама дурустанд, Нақибхон?
— Ман дар умрам дурўғ нахоҳам гуфт. Сари обро надидаам, шунидаамро гуфтам. Ҳоло ки мо баройи исботи ин андеша меоем, росту дурўғашро ба сарвар мебарем.
— Якрав аст Прохор Иванович…
— Ҳар чӣ бошад, ба худаш…
— Не-дия, худо гўед, ки ба кас чаққа нашавад.
Нақибхон хомўш монд. Мирбобо низ. Ҳарду ҳар чӣ андеша доштанд, ба якдигар намегуфтанд. Шоир паҳлў мегардонд гумону пиндору хаёлашро ва суол мекард, ки чаро тарҷумон яку якбора аз феълу атвори сарфавҷ ва сахт бад дидани ў сухан кард. Ҳол он ки ин ду тан чандон шинос нестанд, аз Самарқанд то Панҷакат дуру наздик омаданд; балоеро медонистагӣ барин бо ў ҳарф мезанад.
Шояд зери коса нимкосае бошад. Пасон хаёли Нақибхон ба Самарқанду Фарғару Масчоҳ канда-канда парвоз мекунад, аз ягон мавзеъ чизе дастрас карда наметавонад ва дуздида ба ҳамроҳ, ки аслаш гоҳ пеш мераваду гоҳ пас мемонад ва гоҳе бо Гули Бодом ҳампо мегардад, менигарад: «Чӣ?» Вале баланд гуфта наметавонад ва боз менигарад ба ҳамрав, ки чизе пай барад ё на. Ў низ хомўш.
Нигарони пурси шоир ва ё андешайи дигар дорад, парвойи ҳамсафар ва нигоҳҳойи ўро надорад. Гоҳ-гоҳ ба оби равон менигарад; ранги онро ҳамчунон сурх мебинад ва ҳайраташ меафзояд.
— Ба ростӣ, баъди қатли ом об чунин ранг гирифт?
— Чаро шуморо фиреб диҳам? Аз ин роҳ як бору ду бор нагузаштаам-ку! Ҳар бори ба Панҷакату Самарқанд сафар карданам, ҷилави асби маро дошта, пиёдаам мекарданд ва дар чойхона сўҳбат меоростем; обро ҳар бор тоза ва шаффоф медидам.
— Шояд дар қадоба дўкони ранггарӣ ва чармсозӣ бошад?
— Набуд…
Ва боз сукут варзиданд.
«Инҳо маро ба дурўғгўйӣ муттаҳам карданианд… Вале асбоби ин ҳама ташвиши онҳоро намефаҳмам.»
— Ба фикри шумо, ман нохалаф ҳастам?
— Ман чунин фикр надорам.
— Сарваратон чӣ?
— Ў ҳеҷ гоҳ андеша ва фикрашро пешакӣ нагўяд. Пухта. Хондагӣ.
— Баъзан суханони таҳдор гўяд ва киноя занад. Чӣ ҳоҷат?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор