Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Марям асп савор намешавад...
— Чатанаш намедаррад, савор мешавад... Ба умеди шумо мардҳо шинем, китфи як касро сафед намекунед... Аспро биёр! Аскарони сурх мард бошанд, занонро азоб нахоҳанд...
Ва Шарифа савори аспи Саманд бирафт ҷониби Боғи Гарон, то хабаре ёбад аз кирдори аскарони сурх ва ё дастаи Ёрмуҳаммад.
Ў бо иҷозати рафтан надодани Шариф Марямро андаке тез шуд, ғазаб кард ва ба писараш нигоҳ накарда, ба «оча, биистед, ман равам» гуфтанҳояш гўш надода, ҷилави аспро ба он тараф тофт, ки ҳама кори олам ба рафтани ў вобаста бошад. Аз аскарони сурх сумнақши аспон боқӣ монда буд андар канораи роҳ, вале дар хоки судаи рўи роҳ гум гашт. Шарифа пушти Боғи Гарон ҷилави аспашро кашид ва ҳайрон шуд, ки куҷо рафта онҳо: ҳам аскарони Сурх, ҳам дастаи Ёрмуҳаммад... Ба хаёл рафт ў, ки нақшаи ҳарду тараф чун аст. Махсусан нақшаи Ёрмуҳаммад ба ў лозим буд; аранге шунида дошт, ки аскарони сурх чӣ вазифа доранд – гўё мазлумонро озод мекунанд, занонро аз чодар раҳо мегардонанд, ҳама чун Марям ба ҳуррият мебарояд; ҳуқуқи ҳама баробар мешавад – мард ҳам ҳақдору зан ҳам; чунон ки ба кирдорҳои зиди қозиву Зуҳур хандида буданд ва айбу эрод доштанд. Инак айб накунанд, наханданд, балки шоиста донанд рафтори ўро ва гўянд:
«Шарифа дар беҳуқуқиаш ҳуқуқ дошт».
Сайҳаи асп баромад аз миёни дарахтони Боғи Гарон ва Шарифа яқин кард, ки аскарони сурх нарафта, балки Ёрмуҳаммадро дошта, коре кардаанд бо ў. Ҷилави асп ба рост гардонд, мардона рон афшурд ва Саманд рахнаи боғро ҷаҳида гузашт. Аз рахнаи боғи Турсунӣ низ гузашт ба боғи Замон ва онҳоро гирди ҳавзи чортарҳ дид. Замон дар бурҷи боло пушт ба қабристон нишаста, як-як ба ҳавз сангча меандохт, ки дигар он ҳавзу об лозим намешуда бошад. Хаёлӣ кунад ин корро. Ёрмуҳаммад низ пушт ба дарахти сафедори сари ҷўй такя дода, ба андеша рафта буд, ки омади кор чандон хуб набошад. Вай ба аскарони сурх пеш овард, ки ҷангро сар кунанд... гўё эшон чӣ кор карданашонро намедониста бошанд.
Инак андеша дорад, ки чӣ бояд кард. Агар ба сайди онҳо баромада буд, сайд аз даст рафт. Агар қурбон гаштанӣ буд, раҳо ёфт.
Ва омадани Шарифа парешон кард хотири эшонро. Ёрмуҳаммад наздик омадани ўро дидаву дониста аз ҷой барнахост ва нигоҳ ҳам накард.
— Зиёфат надорӣ-ку, Ёрмуҳаммад?
— Мо кай зиёфат доштем, апа? Зиёфат насиби ватандорон...
Шарифа кинояи ўро фаҳмид: ў Бурҳонро дар назар дорад – ҳамроҳи қозиву муфтӣ бо нону намак пешвоз гирифтани меҳмононро. Аз ин рў суханро ғоз надод. Аз асп фаромад. Самандро дар такҷавси сафедор баст ва омада назди Ёрмуҳаммад нишаст.
— Додар, гуфтанд, ки аскарони сурх аз паи ту ба ин ҷониб омаданд, тоқат накардам... Омадам, то бинам, чӣ ҳол дорӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор