Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

намояндаи ҳукумати Советиро таъйин карда натавонистанд. Ё барои озмун ин корро ба таъхир гузоштанд, ё нияти дигаре ҳаст.
Лекин бисёр касон умедвори мансабу вазифа буданд – раиси ҷамоат мешаванд, суд қозӣ ном мегирад, амин будан мехоҳанд... Ҳеҷ чиз нашуд. Омаданду рафтанд. Ва воҳима афтод дар деҳа: қозиву муфтӣ ҳайрон буданд, то кор чун шавад? Бурҳону Шариф гумон доштанд, ки тақдирашон ҳал шуда ё аз дасти душман муранд ё аз дасти худӣ. Худи гуфта, Ёрмуҳаммадро дар назар доштанд.
Онҳо ҳангоми аз сари девори қозӣ сар боло кардан ғазаби ўро дида буданд. Вале маълум набуд, ки ғазаб барои меҳмоннавозии ҳамдиёрон аст ва ё барои нотавонии худ. Аскарони сурх рўи қабристонро гузашта рафтанд, аммо аз Ёрмуҳаммад дараке нест.
Ҳавлии қозӣ мотамсароро мемонд: сарҳо хам, дами дарун, касе нохун мехоид, яке ришак мекашид, касе паси сар мехорид. Дастархон ҳайрон буд: устухонҳои нимхой, бурридаҳои нони газида, табақҳои таоми нимхўр – ҳама ҳайрон монда буданд. Бурҳону Шариф яқин карданд, ки фоли бад аст, чизе нагуфта рафтанд аз боғ. Сархаму андешаманд мерафтанд, ба ҳам чизе гуфтанӣ мешуданд, худдорӣ мекарданд. Ҳар ду бехабар аз фикри якдигар дар бораи омадани аскарони сурх, қисмати халқ, муносибати қозиву муфтӣ андеша доштанд, аммо наметавонистанд, ки гўянд; зеро пиндорашон буд, ки хато кунанд. Ва аз пеш омадани Шарифаву Марям андешаи онҳоро пароканд.
— О ту хабар накардӣ, ки дар олам чунин корҳост?!
Ба писараш рў овард Шарифа. Ба ин ният гуфт, ки дар деҳа аскарони Сурх омадаанд, онҳоро бояд медид, ки ба аскарони Николай монанд ҳастанд ва ё дигаранд. Танҳо бо чунин ният омада буд, дер кард. Аммо нафаҳмид, ки чаро Бурҳону Шариф «меҳмононро»
ҳамроҳи қозиву муфтӣ бо нону намак пешвоз гирифтанд.
— Бурафтанд, оча!
— Бурафтанд? Барои чӣ омада буданд, ки бурафтанд?
— Ёрмуҳаммад онҳоро безобита кард.
Шарифа чизе нагуфт. Ба андеша рафт ва баъди муддатҳо сар боло гирифта, ҷониби Марям нигарист.
— Мефаҳмӣ, одамони мо чӣ хеланд? На як кор аз дасташон меояд ва на мегузоранд, ки касе коре кунад.
— Чиро дар назар доред, оча?
— Бардошт кунед буд, ки охири кор чӣ шавад... Куҷо рафтанд?
— Ҷониби Ёрӣ.
— Ёрмуҳаммад куҷо рафт?
— Пештар аз онҳо ба он ҷониб рафта буд...
— Ва шумо даҳон яла доштед, ки кор чӣ шавад? Кай мурдаи ўро меоранд?!.. Аспро биёр! Ту ҳам, Шариф, асп биёр барои Марям!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор