Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не, ту ба ҷаҳаннам равӣ, тамоми беимонҳо, ватанфурўшҳо ба ҷаҳаннам раванд, алҳамдулиллоҳ, ман имон дорам...
— Ту ин чизҳоро намефаҳмӣ, ба ҳарфи муллову эшон рафтаӣ, фиреб медиҳанд туро... касе надида ҷаннату ҷаҳаннами онҳоро...
Шуморо гўл задаанд, гумроҳ кардаанд... Ту чаро ба муқобили ҳукумати нав, бар зидди ёри худ ҷангӣ?
— Мо бар зидди касе наҷангем, худро ҳимоя кунем, ватанро, зану фарзандро... Мо ба сари кӣ тохт овардем?.. Магар ҳукумати кўҳна ё нав ба мардум чизе медиҳад?
— Сода... Ин ҳукумат он ҳукумати ту мегуфтагӣ не!.. Андеша бикун, сода...
— Шон Ватан ҳимоя мекардаанд... Аз кӣ? Пеш аз он ки ҳимоя бикунӣ ё биҷангӣ, бидон, ки бо кӣ муносибат дорӣ. Дўстат кист, душманат кист?.. Ба муқобили Армияи Сурх ҷангидан гумроҳист...
Армияи Сурх халқи мазлуми Русияро аз шиканҷаи подшоҳӣ раҳо кард, инак ба мо мадад карданист, лекин шумо бефаҳмӣ карда пеши роҳи онҳоро гирифтан мехоҳед... Донӣ, ки Армияи Сурх чӣ гуфтанӣ гап?
— Ту ба ҳамин хотир фурўхта шудӣ ба онҳо?
— Аблаҳ! Забонатро аз пушти сарат мекашам! Ман фурўхта нашудаам… балки моҳияти ин корро мефаҳмам, донам, ки ин чӣ қувватест... Врангел дошт надод пеши ин қувва, Дудов натавонист худро ҳимоя кунад, инак ту ба чунин дасту пои баста ин корро кардан хоҳӣ? Беақл!.. Кӣ туро бероҳа кард?.. «Шўрои Исломия?»
Босмачиҳо? Гвардиячиёни сафеди фирорӣ?.. Ту бояд Гвардияи Сурхро аз Гвардияи Сафед фарқ бикунӣ. Агар фарқ накунӣ, бипурс, мефаҳмонанд. Мо чанд нафар ятимон ҳастем дар ин отряд.
Ту тасаввур мекунӣ, ки чӣ ғамхорие дар ҳаққи мо доранд?
— Тасаввур мекунам...
— Чӣ тасаввур...
— Тасаввур мекунам, ки шумо бепадаронро чӣ хел хар карда савор мешаванд...
— Ҳе бар зодат лаънат! – ба пой зад ўро Мирзо Аҳё ва ў хандид:
— Дидӣ, чӣ адабе ба ту омўхтаанд... Агар ту ба дасти ман чунин меафтидӣ, гўштатро ба дандонам канда-канда мегирифтам...
Ту маро ба по мезанӣ... Чунки насиҳати падар нашунидаӣ, ба ҳарфи бегона бовар мекунӣ...
— Ту сабр бикун, очаи зоратро дар чашмат нишон медиҳам.
— Ман очаи зорамро дида, фотиҳа гирифта омадам.. лекин ту очаи зоратро набинӣ... Ман надонам, ки ту кистӣ ва ба чӣ хотир ба сари мо тохт орӣ... Лекин ман аз зери замин ҳам Ватанамро ҳимоя бикунам. Бепадар!
Мирзо Аҳё аз роҳаш гашт. Боз ўро пой зад. Дар дамгаҳаш зад...

пешина
аз 421
навбатӣ