Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Миёни дастаи фирорӣ тарсу воҳима зиёд шуд. Гурехтанд ба чизе нигоҳ накарда, пиёдаҳо аз дунболи онҳо...
Отряд гўё дам рост кард, пасон сари пул фуромад. Аз сари бора тирборон карданд. Дастаи гурезон баргашта аз пеш омад ва аз ду соҳил отрядро тирборон мекарданд. Командир боз Мулло Тошро дашном дод, ки аз чунин рўйдод огоҳаш накард... Вале гуфта буд Мулло Тош: «…қисме дар Кошона...» Ҳамон қисм баробари шунидани садои тири тўп сар-сари бораи рўдхона омад ва аз баландӣ ба дастаи фирорӣ ишораҳо кард ва аз ду тараф ба сари отряд тир заданд, санг андохтанд, чўб партофтанд, ки баробари кори як пулемёт нестанд ин ҳама. Як муддат аспон дар ду канори пули ларзон гирд гаштанд ҷувозак. Командир фармон дода натавонист ва навъе карда аз ҷувозак сари асп пас гардонд ва аз пул гузаронд. Дигарон бар асари ў шуданд ва яктоз фарози Шўрчаро асп монда баромаданд. Аспон ба сар рафтанд, саворон аз сари аспон париданд. Отряд ба сари бора баромада ба лашкари ним савораву ним пиёда рў ба рў шуд. Пулемёт ба кор даромад...
Гурехтанд саворон, пинҳон шуданд пиёдаҳо. Аспи сафед ба сар рафт, савораш аз сари асп парид... Аз сўи Дашти Қозӣ садо баланд шуд:
— Нуралиро гирифтанд!
Аз он сў тири Қаҳҳорча намерасид. Ба тирҳои наздикгири хеш ғазаб мекард, дандон месоид шағолона ва мехост уқобвор ба он соҳил гузарад, бародар аз чанголи аскарони сурх раҳо кунад...
аммо медонист, ки мушт ба дарафш назананд...
Ҷавонмарди навчаву химча, Нуралии нав ришу мўйлаб монда бо дасту пои баста рўболо хобад ва сўи осмон нигарад, ки дигар ҷои рўй овардан нест. Аз дил гузаронад, ки ўро бандӣ карда, ба гўшае афканда, ба ҳоли худ монда бошанд ҳам, оқибати нек надорад. Орзуи ягонааш ин аст, ки дар дасти кофирон намирад.
Андаке дуртар мондаанд ўро, аз сари бора дуртар, вагарна ғелида ба Зарафшон мерафт, то ҳалолтар мурда буд андаруни об. Бинад, ки аспони ғанимат афтодаро ҷилав кашида дар буттаҳо банданд.
Ва як марди биникалон аспони бесоҳибро соҳиб гашта бишуморад, зину бандашонро хабар гирад, вале касе ба мурдаҳо коре надорад.
Онсўтар марди малла ҷароҳати маҷрўҳон бибандад, мурдаи аскари Сурхро дароз хобонад, ҷароҳаташро доруву даво бикунад. Ҳамааш дар зери осмон кушод, дар канори рўд, сари бораҳои сангӣ гузарад.
Нуралӣ чашм пўшид, гўё аз шарм пўшид, ки дар рўзи равшан ҳама ба даст афтоданашро диданд. Ҳатто паррандаҳо... Дандон соид ва рўй аз осмон гардонд, ки умеде нест. Дида ба соҳили дигар дўхт, ки метобанд ё не, ҳаракате доранд ё не...

пешина
аз 421
навбатӣ