Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бурҳону Умар наздик шуданд, масъаларо фаҳмиданд. Танҳоии Шарифро дарк карданд ва миёни одамонро буррида, рафта паҳлўи ў истоданд. Мағал шуд, сахт мағал шуд. Тўда ба ҷунбиш омад ва аз миёни садоҳои канда-канда ҳарфҳое меомад: «Ҳаромони дигар, ношуштаҳои дигар, номусулмонҳои дигар!»
Чунон ки ҳодисаҳои табиат: бўрону тўфону раъду барқро касе ташкил накунад, кирдори имрўзаро низ касе ташкил накарда.
Ҷўраву Сангин омаданд паҳлўи онҳо; ҷулҳундиҳову тоқибасарҳо гузаштанд қатори онҳо. Зиёд шуд сафашон... Дар рў ба рў саллабасарҳо меистоданд. Дар ҷиготу симояшон буғзу кинаву адоват ҳувайдо буд; дамашон барун зада, ба пуффаки таранг монанд гашта буданд, ки аз андоза зиёд дам кунед, кафанд. Даст ба даст шуданд ҷонибдорони Шариф мисли силсилаи муқтадир, ки касе ҳалқае гусаста натавонад. Тўфонӣ гашт ин силсила; аз девори чойхона гузашта, роҳи тангкўчаро буррида, пушти садаи азим убур карда, пеши роҳи гурезро гирифт ва аз ду ҷониб гурўҳи бойҳову дороёну қозиву муфтиву муллочаҳо танг мешуд ва сўи оби сой тела мекард.
— Истед! Нокасӣ накунед! Номусулмонӣ накунед! Шариъатро поймол накунед! Парвардигор гуноҳатонро намебахшад! Шумо ба одамони шариф ноэҳтиромӣ мекунед! Биистед! Рўзи ғазо дур аст!
Қиёмат дур аст! Ҳой халойиқ! Ҳой мусулмонон! Барои як кофиркор одамони баобрўйро рўхунук накунед!.. Дар ин ҷо қозикалон, домуллоимом ҳастанд...
Ба гўши эшон ҳарфе намедаромад; кар буданд. Лол шуданду кўр; танҳо зўре доштанд, ки дарахте азиму зўроварро аз бун барканда, сўе афкананд ва оташ зананд. Сарҳо хам, дастҳо занҷирбанд, ба зўри пойҳо майл ба пеш доштанд, ки то кунун касе чунин исёни хомўшонаро надида. Муллочаҳо калима мегардонанд. Дигарон дўғ мезананд. Мўйсафедони берун аз бозӣ чун мурғи сармозада гардан ба гиребон фурў мекашиданд: «Астағфируллоҳ!» Тамошобинон низ кам набуданд: ду тарафи рўдхона пур аз баччаҳову аёлҳои рўпўшида буданд, ғалмағал мекарданд, садо медоданд, дашному дуо, шодиву сано мекарданд ва чунон буд, ки миёни онҳо низ гурўҳҳо омада ва яқин аст, ки фурсате баъд балвое бархезад. Дарахти садаи азим миёни ҳалқаи одамон монд. Исёнро мемонд кирдори эшон, аммо беяроқ. Дар исёни эшон тамасхуре дида мешуд, ки гурўҳе аз сарони деҳаро масхара дошта, ба об тела медоданд, ки чун рама убур карданашол воҷиб бошад. «Серкае бояд, ки худро ба об андозад, дигарон бар асари ў раванд!» Садои балвогарон набуд, аз он сўи рўдхона меомад ва оҳанги мазаммат дошт. Онҳо низ даст ба даст шуданд. Дар хами рўдхона ба сангҳои сиёҳ пой гузошта, ба пас тира мекарданд ва кўшиш доштанд, ки онҳоро як-як аз силсила канда ба об афкананд. Вале шўришгарон якзўру яктан фишор медоданд онҳоро ва аз рўи сангу ғўтҳо ба об мепарронданд.

пешина
аз 421
навбатӣ