Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Аҷаб коре; гўё мардум ҳашар карда, девора гирифта, оби маҷрои пули Хурдиро зери пули Калонӣ гардонда бошанд...
Ҳамин қадар гуфт Умар, аммо намедонист, ки чӣ ҳикмат дорад.
Ҳикмати онро мардуми деҳоте медонистанд, ки аз рўи Дупула мегузаранд. Пирони рўзгордида ин чизро фоли нек намедонанд; Бурҳон хурд бошад ҳам, медонад ин муамморо: қаҳтӣ мешавад, қиматӣ мешавад, нохушиҳо мешавад... Барои ҳамин ҳар гоҳ одамон аз рўи пули хиштии Бибихонум сохта, ки шакли камони Рустамро дорад, гузаранд, ба оби зери он менигаранд ва сад қадам он тарафтар ба зери пули ларзон менигаранд ва муқоиса мекунанд, ки об ба зери кадом пул зиёдтар гашта; аз рўи он ва рафту гашти об фолу қол мебурранд ва омади солро муайян мекунанд.
Шарифа рўи дастархон табақи ош гузошта, ҷиготаш гирифта ба ошхона баргашт ва чойники ҷой овард. Ба «шинед ҳамроҳи мо»
гуфтани Умар «ош шавад!» гўён каме чеҳра кушод ва «ҳамроҳи келин мехўрам» гуфта баргашт. Гирифта буд ҷиготаш, хира буд табъаш, танг буд дилаш. Сари забонаш меомад, ки эҳтиёт бошад, замона хунрез мешавад, гўяд, зери лаб «астғфируллоҳ!» мегўяд.
— Шунидӣ, Бурҳон, балвои Тошкандро?
— Ҳо, шунидам. Шўриши мусаллаҳонаи Тошкандро шунидам.
Ҳамин тавр бояд шавад. Пуффаки тарангшуда то кай фишори бодро дорад?
...Ва сўҳбати онҳо анҷом наёфта аз кўча ғалмағале омад, садоҳои пасту баланд шунида шуд, оҳанги дашном дошт, аммо равшан набуд. Аз миёни деҳа омад садоҳо; тақрибан аз парчи пул – аз гирдсанг, ки мардон як умр он ҷо гирд омада сўҳбат мекунанд. Бурҳон ба маънии чӣ бояд кард, ба Умар нигарист ва Умар «меравем» гуфт.
Рафтанд ба кўчаи калон. Мардони зиёд буданд рост ҷо-ҷо мисоли ҳайкал. Аз дур овоз меомад: Тошканд мегуфтанду балвою шўриш ва баъд – Шариф. Наздик шуданд онҳо. Шариф буни чойхона паҳлўи сутун меистод, ҳишша гирифта буд ўро. Одамшавандаҳои деҳа ҳама дар кўча буданд ва банавбат сўи Шариф дастак мезаданд:
— Ҳаром кардӣ деҳаро, ношушта! Гўсолаи рихин, подаро олудӣ!
— Пода будасту олудаам!..
Вале ҳарфи ўро мебурриданд, мевағғиданд, мешўриданд, таҳдидҳо мекарданд:
— Забон ҳам дорӣ, ки харф занӣ, бешараф?!
— Бешараф шумоед, шуллукҳо! Шумо муҳаббатро нафаҳмед!
— Аз деҳа дафъ шав, вагарна ҳаққи ту сангсор аст!
— Аввал шумо, баъд ман...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор