Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зуҳур баргашт ба хона; одамони то алвақт рафтори ўро мушохида кардаро, мўйсафедони дар парчи пул аз сардии тирамоҳ гардан миёни шонаҳо кашидаро, кўдакони дар роҳи калон чиллаку лоф бозидаро, омади пода, рафти зоғон, селаи кабўтарон, гунҷишкони аз шохи боло поён хамидаро... надид, ҳеҷ чизро надид. Бо вуҷуди он фарқ карда тавонист, ки пояш вазнин, ҷониби хона рафтан нахоҳад. Дилшикаста буд ў, болшикаста намуд ў.
Эҳсос намекард, ки рўзи фано расида, то лаҳзаи фано бояд бурҷи сандалӣ бошад. Хаёле мағзи сараш кушода шуд. Ошдонҳои холӣ, танўри сард, хокистари парешон ва осўхтаҳои ҷо-ҷо афкандаро дида, ҳама чизро дарёфт: меҳмонон наомаданд. Боз назди халоиқ масхара шуд. Аммо садою фармонҳои андаке пеш гуфтаро ёд надорад, барои ҳамин иҷрояшро намепурсад. Гўё ў нагуфта ва касе нашунида...
Касе оҳиста дасти ўро дошт, аввал ҳис накард, баъд як қад парида, ба паҳлў нигарист, набераро дид, ки сўи хона кашиданист.
Заррае ҳушаш ба ҷо омад, ки пуршаст даст аз дасти набера кашид, дасташ ҳаром шудагӣ барин афшонд ва иллат кард:
— Як ту монда будӣ роҳ нишон надода!
Набера аввал хуб ҳайрон ба ў нигарист, пасон гирён ҷониби хона рафт. Модар пешвозаш омад: «Чӣ шуд?» Ҳиққа гирифта буд кўдакро, базўр ифода кард: «Бобош!» Аввал ўро ба банди дил пахш кард, садои болояшро боздоштанй шуда, каф ба даҳонаш пахш кард: «Садо накун, мон бебало гардем». Кўдак садо кардан мехост; кафи дасти модар аз даҳон бардошта дод задан мехост.
Хаёлаш модар ба ҷои даҳони ўро доштан бояд бо бобо ҷанҷол карда, қусури ранҷонданашро гирад.
Зуҳур ин чизро пайхас намекард ва эътибор намедод. Дар меҳмонхона ҳокимона дод мезад, вале беҳушона:
— Чаро ин хона мисли мазор?! Меҳмонони олиқадр куҷо шуданд?!
«Фотиҳа хонда, рафтанд!» – аз куҷое омад ин садо... танҳо ба гўши Зуҳур хўрд. Сарфаҳм нарафт...
...Ва баъди се рўз дар хақиқат мардум дар ин ҳавлӣ фотиҳа хонданд; фотиҳаи писари гумшудаи ў Забурро. Мурдаи ўро аз соҳили Зарафшон – поёнтар аз гирдоби Дупула ёфтанд. Мурда гандида, чашмонашро зоғон кофта, хўрда буданд. Зуҳур ба ҷавонмаргии писари девонаавзоъ нагирист, балки хонаводаро пўписа кард, ки чаро мегирянд. Ҳой-ҳой мекунанд. «Ман мурдаам, ки шумо мегиред? Халал нарасонед, ман меҳмонони олиқадрро пешвоз мегирам!».
Касе гумон надошт, ки рўзгор ба чунин ранг мегардад. Аммо Шарифа хафа, ки мубориза тамом шуд. Дигар касе ўро ёд намекунад, дигар корномаашро намехонанд; достон анҷом ёфт, афсона интиҳо. Инак ҳамчун Зуҳур дар кунҷи сандалӣ сукут меварзад...

пешина
аз 421
навбатӣ