Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

чунон ки аз «Вабо»-и асри гузашта наҷот дода буданд... Вагарна метавонем дар як лаҳза ҳамаамон нобуд гардем! Шумо, каллакадуҳо, ин чизро намефаҳмед... Чаро хомўшед? Чаро сардед? Чӣ бало расида ба шумо?
Наход шумо ҳам мададгори душман бошед? Наход шумо ҳам роҳ диҳед, ки дар деҳаи мо хунрезӣ шавад? Аз гумроҳии шумо чунин ҳам мешавад... Дар Русия чунин шуд... Дар Бухоро чунин шуд...
Иншооллоҳ дар мо ҳам мешавад... Нигаред, наздик омаданд. Аспи сафеди сарлашкар саркаш. Наҷотдиҳандаи мо!..»
Ў дигар қарор истода натавонист. Як васвасаи шайтонӣ аз бозувонаш дошта, ба пеш тела дод, худ аз худ ба роҳ даромад; шодикунон пеш рафт. Сўи дашт рафт, то оғўш кушода онҳоро пешвоз гирад ва аспи сафедро ҷилав кашида орад. Шодӣ дошт, ки бахт хандид ба рўяш. Онҳое ки ба таваллову зории ў ба омадан ризоият дода буданд, дер бошад ҳам, омаданд. Зуҳур аз бенизомиҳои дунё бисёр нолида буд ва хоҳиш карда, ки биёянд, мадад кунанд, то носозиҳои деҳа сомон пазирад. «Ба деҳа сардор таъин кунед» гуфт. Ҳарчанд ба ў фаҳмонданд, ки деҳа бесардор бошад, хуб аст, мардум осуда зиндагӣ мекунанд, озод нафас мекашанд, касе ба касе мўҳтоҷ нест, фармони касеро нигарон намешавад, хоставу донистаашро мекунад, розӣ нашуд. Хеле зорӣ кард Зуҳур.
«Ман ба ғалабаи Оқпошшо бовар дорам» гуфт. Корҳое ки кўдакон мекунанд, гузарон аст, ҳеҷ гоҳ камбағал, деҳқони хокпош сардор шуда наметавонад, гуфт... ва бисёр зорӣ кард, ки худашон омада, халқро ҷамъ карда ё тарсонда ё фаҳмонда, гўянд, ки Зуҳур деҳхудо
– сардори деҳаи шумо, касе аз итоаташ сар тобад, сар аз танаш ҷудо. Чунин ҳарфро дер боз нигарон буд Зуҳур... Хўрокҳо дар дегҳо гандиданд, нонҳо мағор бастанд, гўштҳо кирм карданд, вале аз меҳмонони олиқадр дарак нашуд... Инак Зуҳур ҳар чангро, ҳар шаклро, ҳар сиёҳиро дар роҳи Дупулаву Амондара дида гумон мекунад, ки дастаи имдодгар меояд.
Зуҳур домани деҳа рафт. Дид, ки гирдбод рў-рўи роҳ омада, ҷониби қабристон гашт ва пушти Бурсакро гузашта ҷониби дашти Ёрӣ рафт. Пай набурд, ки ҳамааш фиреби назар аст. Гумон кард, ки лашкар ҷилави аспон ба он тараф тофт. «Меоянд, давр зада, мавзеъро омўхта, дар куҷо чӣ хел ҷангиданро омўхта, меоянд».
Ў дергоҳ рў ба рўи қабристон нишаст. Аз миёни дарахтони урён сангҳои баланди гўрҳо метофтанд ва шакли гунбадии теппа, ки гўристон ном дошт, менамуд. Дергоҳ аз ин теппача чашм наканд, балки андаке ба худ омада, оқибати такопў ва талвосаҳои одамиро дарёфта, даст ба рўй кашида хест ва ба атроф назар афканда, ҳама ҷоро холӣ дид, пай бурд, ки қирои хушнудӣ нест. Зоғони сиёҳ, ки рўи Санглох гашта, ҷо-ҷо саргин тит мекарданд, дарак аз омади зимистон медоданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо