Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Аввал дигар хел мегуфтӣ-ку! Одамони баномус, бегуноҳ ва ё аз ҷонашон гузар карда, ин корро мекунанд, мегуфтӣ.
— Чунин, ана Бурҳон гўяд!
— Рост; баномуси беақл... Худкушӣ нишонаи оқилӣ ё мубориза нест, як навъ эътироз аст, ки аз он ба касе суде нест... Одамон ба умеде худкушӣ мекунанд, ки баъди сарашон пурсуҷў карда, ҳақ ба ҳақдор расонанд, вале бехабар, ки касеро парво нест... Агар донӣ, ки ба пешвози марг меравӣ, чаро интиқом гирифта мурдан мумкин не? Чаро чашми чандеро кушода, мурдан лозим не? Мурдан бошад, пештар душманро куштан лозим. Кушта натавонӣ, ақаллан нимҷон бояд кард, то зўри пасовандон ба он расад...
— Аз куҷо хондӣ ин ҳарфҳоро? – баъди маъниро дарёфтан пурсид Марям.
— Аз куҷо? Аз зиндагӣ... аз бетаҷрибагии мардони ройгон мурда, аз марги падарам... Магар ман наметавонам Зуҳур барин марди нопокро кушта, пас мурам, чунон ки модари ман ин корро кардан хостааст...
— Чун? – дар хонаи зин каҷ шуда ва аз кўҳонаи он сахт дошта, пурсид Марям.
— Хостаст барои марги падарам ва бенишон рафтани ман аз Зуҳур интиқом гирад; саворӣ омўхта, ўро буз кашидааст...
— Аҷаб! – сар афшонда, ҳайраташро ифода карда ва афзуд:
– Ман модаратро мебинам?
— Мебинӣ, баргардем, мебинӣ...
— Оҳ, Шарифабону! Шарифабону!.. Ба девонеки ман одам баромадааст. – Пеши пои Шарифа афтида, гирист Моҳбӣ ва наёрист, ки сар боло кунад. Мегирист, китфонаш болову паст мешуданд, вале маълум набуд, ки боиси гиряаш чист? Шарифа ба таври худ биангошт: ба духтари девонаавзоъи ў шў баромада; аз ин рў мегиряд, ки шояд баъди шў карданаш ҳушаш ояд, хушақл шавад.
Агар шавад, Моҳбӣ беармон мемурад.
— Хезед, маро гунаҳгор накунед, хезед! – Моҳбиро бардошта гуфт Шарифа. – Барои мурод кас гиря намекунад, шодмонӣ бояд кард.
Кампири Моҳбӣ сар бар замин зада, садои баланд баровард ва чунон ки бар марги ҷигарбанд сўгворӣ кунад, ба мўя даромад:
– «О-о, кошкӣ намезодам, намесўхт ҷигарам... О-о-о медонед, кӣ баромадааст?.. Боқарқин!.. Вой!»
Боқарқин пирамарди занмурдаи тани танҳо, дар як хонаи сиёҳи дару деворҳояш дудкашидаи аз замони Доқёнус монда зиндагӣ мекард ва барои марди сиёҳ буданаш, бетабъу дилнокаш зистанаш мардум Боқарқин лақаб дода буданд. Боқарқин ҳар ҷо зани аз даҳон монда ва ё пирдухтари гарангу камақли талабгор надоштаро гирон мешуд; баъзан ба мақсад мерасиду баъзан на. Агар расад, зиндагиаш бо он зан дер намепоид: ё талаботи занро Боқарқин қонеъ намекард ва ё тарзи рўзгордориаш ба зан хуш наомада, баромада мерафт: Боқарқин медонисту кунҷи оташдон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо