Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Онҳо дур намераванд, Вася, лонаашон дар ҳамин ҷо...
— Хай-айр, Шариф, ба Дупула расидем... Ту баргард, ман меравам.
— Ба куҷо?
— Ба куҷое поям барад...
Аз ҷониби дашти Ёрӣ Саманди бодпо меомад. Аз зери наълаш гард ба осмон мехест. Саманд бо шасти омад аз онҳо гузашта, дар парчи пули Калон чароғпоя шуд ва баргашт. Онҳо гумон карданд, ки аз байни саворон касе бар қасдашон чунин кард, аммо баробари овози ўро шунидан дар тани Шариф ҷон дамид ва сўи Марям табассум кард. Савор мисли он саворон аз тори асп бо онҳо ҳамсўҳбат нашуд, балки баробари наздашон расидан зер шуд аз зин ва бо Шариф бағалкаш вохўрд.
— Омаданатро шунидам, Шариф, аммо илоҷи рафтан надоштам... Ин роҳзанҳо аз куҷо пайдо шуданд? Деҳаро ғорат мекунанд...
— Шунидам, Бурҳон. Гуфтанд, ки бар қасди шумо шудаанд...
— Ҳа... Чунин шуд... Чанд аср боз ин сарзамин шудгор нашуда будааст, бо наъли аспон шудгор кардан мехостаанд...
— Кас намефаҳмад, ки ин водӣ ба кӣ бадӣ кардааст, киро ранҷондаст, ки ин қадар ҷафо мекашад.
— Ҳар кас дар оина худро дидан мехоҳад, гўё ҳар касе ба ин ҷо расад, худро мебинад, мешиносад, шўҳрат меёбад... Николай ҳам азми ин ҷо омадан дошт... ҳайфо...
— Холадухтараштро фиристод, – Марямро намуда, шўхиомез гуфт Шариф.
Марям хуб нафаҳмид ин маъниро, аммо ба завқи эшон ҳамроҳ шуд... Бодиққат ба Бурҳон нигарист ва ҳайрон шуд, ки чӣ ҷавони зебост, гуфтораш шакарин...
— Зуҳур Николай-подшохро ба Амондара оварданист... Оварда тўй медодааст, сару по мепўшондааст, баъд деҳаро ба ў мебахшидааст. Муддате аз ин деҳа дур будан лозим... Хоҳед, ба Некон мебарам...
Марямро ба асп нишонданд ва аз пули Калон гузашта, миёни ду пул қарор гирифтанд ва Шариф ба Марям маънидор нигарист.
— Николай ба умед сохта буд ин пулҳоро, – ба сухани таҳдори Шариф маънидор ҷавоб дод Бурҳон:
— Мо ҳам ба умед мегузарем ин пулҳоро...
Марям ба сухани онҳо сарфаҳм наравад ҳам, гоҳ ба Шариф менигарист ва гоҳ ба Бурҳон.
— Ҳамин ҷоро қатлгоҳ гуфта будӣ, Шариф? – қасдан пурсид Марям.
— Ҳа, қатлгоҳи одамони беақл...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо