Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Шарифа чизе нафаҳмид. Марди тотор ба гардани асп зад, камон нишон дод, шамшер намуду ба ҳаво ронд... Шарифа ин ҳама нағмаҳоро таҳдид фаҳмид:
— Гуфтам-ку! Мекушӣ? Бикуш! Баъд дар хуни худат ҷўлиданатро мебинӣ! – паст намеомад Шарифа, чунон қавирўҳ ва дилпур буд, ки дар пас дастаи муқтадире дошта бошад. Аммо ҳамагӣ дар паҳлўяш ду тан пайдо шуданд: Ҷўраву Сангин, ки нав ҳезуми пуштораро зери айвон фароварда, омада буданд. Модар баробари дидани писарон худро пеши онҳо сипар кард, ки саворон онҳоро мепарронда бошанд. Баъд бо тахтапушту дастони кушода писаронро пас-пас тела дода, дур бурд ва фармуд, то садое набароранд.
Оҳиста пурсид:
— Бурҳон куҷост?
— Шикор мекунад...
— Пеши роҳашро гиред, наёяд...
Саворон аз фурсат истифода бурда ба ҳавлӣ даромаданд ва гови навзоро аз оғил ресмон кашида бароварданд.
— Мерасад, ба ҳама қарзат мерасад...
Шарифа маънии сухани ўро нафаҳмид, аммо мақсад равшан буд. Ҷасту рафт сўи гов ва аз гардани он дошт. Саворе бо пошнаи камон ўро тела дод. Шарифа низ ба зарда пошнаи камон аз банди дил дур кард ва ба рўи баттол нигарист:
— Ана вай хунишабушхўр, – ба Зуҳур ишора кард Шарифа,
– метавонад чанд рўзи дигар шуморо нон диҳад, ба хонаи ў равед...
гови маро монед, ризқи кўдакон аст!
Модар мегуфт, онҳо чизе намефаҳмиданд ва ў гардани говро сахттар дошт. Гов бонг зад, аз дарун гўсолаи ширхорааш ҷавоби кўдакона гардонд, ки танҳо Шарифа шунид.
— Каш!
Баробари ин ҳарфи амр ба тахтапушти Сафедак тозиёна расид.
Сафедак ба гардан оғўш кардани Шарифа нигоҳ накарда, аз зарби тозиёнаи бегона хўсида, ҳамлаи пеш рафтан кард ва ўро тела дода чанд қадам сўи дарвоза бурд, пояшро ба суми вазнинаш пахш кард.
Шарифа дандон ба дандон монда вазни гарони Сафедакро тела дода, пой аз зери суми он гирифт, вале гарданашро сар надод.
— Маро ҳам бурда ҳамроҳи ин гов кушта хўред!
Зуҳур фаҳмид ин ҳарфро, аммо ба ҳамроҳонаш фаҳмонда натавонист.
Ду тан аз аспҳо фаромада, гардани гов аз оғўши Шарифа ҷудо кардан хостанд, аммо натавонистанд. Шарифа ба гардани гов харпанҷа андохта, сар ба гардани он монда вонамуд мекард, ки мурдааст ва харпанҷааш қуфлу калид гашта, ҳаргиз кушода нахоҳад шуд. Боз тозиёна заданд ба пушти Сафедак, боз ў аз дарду зарбаи бегона қадам пеш андохт, Шарифаро кашола кард, дами дарвоза бурд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо