Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Меҳмонони Зуҳур гирди дег ҷамъ омаданд, ки Бадал чун ош пазад. Ў ба равғани доғ ду пиёзи пўстканда андохт. Пиёзҳо рў-рўи равған шино карда, кафк бароварданд, шалола пошиданд, варақ-варақ ҷудо шуда як баҳри пуркиштиро ёд оварданд. Меҳмонон аз бўи пиёз, зирбак ва дами ош ҳаловат бурданд.
Зуҳур юнушқаи наврустаи боғашро зери пой карда, намад андохт, кўрпачаву дастархон густурд ва намоишкорона меҳмононро ош дод, то мардум сахиву валинеъмат будани ўро донанд. Дар қатори меҳмонон ҷуз қозиву чанд хидматгор каси таҳҷойӣ набуд.
Эшонро даъват кард, наомад. Муллоро хонд, наомад – кофир мешавем, гуфта... Ва баъди ош ҳама мардони деҳаро хабар кард, то дар ҳузури меҳмонон аз онҳо андоз талаб кунад, аммо касе наомад... Пасон Зуҳур бо мадади меҳмонони савора хона ба хона гашта, андоз рўёниданӣ шуд.
«Косаи гадоӣ гирифтаст ин номусулмон...»
«Ин мардак ё аз таги дунё бехабар, ё аз ноомади кор ҷонсарак шуда...»
«Ин ҳама барои он, ки қасдашро аз Шарифа ситонад. Ана мебинӣ...»
Баъди тарсондан, фиғони чанд хонадонро баровардан Зуҳур ба дарвозаи Шарифа омад. Худ пас истоду дигаронро пеш андохт.
Шарифа қомат боло дошта ба дарвоза омад ва ҳарчанд муроди онҳоро медонист, пурсид:
— Чӣ дард доред?
Онҳо забони ўро нафаҳмида, ба ҳам нигаристанд вз ба Зуҳур.
«Андоз... Саманд...» фармуд Зуҳур ва садояш ба гўши Шарифа расид.
— Бо кадом роҳе омадаед, баргардед! Ман аз касе қарздор нестам! Пеши шумо зорӣ намекунам, ки ман зани ҷабрдида ҳастам... Не, ман қарздор нестам... Ҳар иддаое доред, назди Зуҳури хуносо биравед!
— Казакҳо, казакҳо! Тоҷикӣ низнай, – тотормарде ба Шарифа фаҳмонд, аммо Шарифа чизе нафаҳмида дарвозаро пўшиданӣ шуд, онҳо нагузоштанд.
— Чӣ мехоҳед?!
Ларзида, шўрида ва пурғазаб фарёд зад Шарифа ва ҷома ба ду тараф кушода пеш омад:
— Мекушед? Кушед!.. Кушед! Кушед! Ман дигар тобу тоқати шуморо дидан надорам!.. Андозро ба касе андозед, ки дорад! Самандро аз касе гиред, ки шуморо ин ҷо сарсон карда овардааст!
Меҳмони нохонда лозим нест ба мо!
— Мегўянд, ки асп дорӣ, камон дорӣ, шамшер дорӣ, а? Рост аст?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо