Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

«Ҳамин хел, ҷаноб... Лекин дар ҳар сурат ман бояд кон)о фурўхта ба Россия баргардам. Падарам пир...»
«Шумо набояд маро партофта равед».
«Яъне?».
Аммо Боуэр ба саволи кўтоҳи Марина ҷавоб гардонда натавониста айёрона ва ошиқона ба қаъри чашми ў нигарист ва ба чойчўши ба ҷўш омада як каф чойи сиёҳ андохт. Оби чойҷўш дамида, рехт. Марина андеша кард, ки дар назди ин марди зирак ба хаёл рафтан саҳеҳ нест, дилаш дур меравад. Беҳ аст, ки бо ў хуш гуфта корашро буд кунад, ҳоло масъалаи савдои кон онҳоро якҷоя кардааст ва фурсатро аз даст набояд дод.
«Ин чӣ шуд, хонум?» – гўё дар умраш бо чою чойҷўшонӣ сару кор надошта бошад, пурсид Боуэр.
«Намедонам, ҷаноб, ман ин хел чой дам намекунам... Магар чойник надоред?»
«Магар дар ин кўҳистони сахт чойник мепояд? Сангро санг мешиканад, ба санг ҳам санг бояд».
«Шумо ҳам мисли кўҳистониҳо ҳикмат мегуфтагӣ шудаед, ҷаноб».
«Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ».
«Лекин, ҷаноб, сўҳбати асосии мо монд...».
«Воқеан, рост мегўед, хонум... яъне ки шумо ба ман, ман ба шумо...»
«Аз рўи шартнома шумо бояд ба банки русӣ-хитоӣ чилу панҷ ҳазору шасту се сўм қарзи маро супоред ва конро ба номи худ гардонед ва баъди соҳиби кон гаштан панҷоҳ ҳазор пуд ангиштсанги бепул диҳед, ҳамин хел не, ҷаноб?».
«Ҳамин хел... Маро ин қадар пастҳиммат надонед, ман метавонам тамоми ангишти истеҳсол кардаро ба шумо бахшам... Панҷоҳ ҳазор пудро бо даст ҳам барои шумо меканам».
«Ташаккур, ҷаноб, ман олиҳимматии шуморо медонистам, барои ҳамин ҳам конро ба шумо фурўхтам».
«Ва ман ҳам конро барои он аз шумо харидам, ки ба ин зудиҳо ёди Россияро накунед, ин ҷо бимонед ва мо якҷоя бисёр масъалаҳоро ҳал кунем... Оянда аз они мост, хонум. Европа на танҳо ба ин ҷо вакил мефиристад, балки оҳиста-оҳиста мекўчад, барои ҳамин ба Россия баргаштани шумо шарт нест, ободиро дар ин ҷо бояд дид».
«Ман дар ин масъала фикр накардаам, ҷаноб... Падарам ба умеди фоида ин конро харида ба номи ман гузаронд, вале афсўс, ман аз ўҳдаи ин кор набаромадам, акнун падар талаб дорад, ки биравам... Кўҳистонро мутеъ кардан ба зиммаи шумост...».
«Ҳамин хел, хонум, лекин медонед, ки дар пеш чӣ қадар хизмат ҳаст? Аз Ростов то ба ин ҷо роҳи поезд сохтан, аз ҳамвории Ғузор то ба сари кўҳи Ховар роҳи ҳавоӣ кашидан...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо