Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

«Не, ҷаноби Боуэр аз ҳеҷ кас наметарсанд, лекин аз ҷаҳолати кўҳистониён хавф доранд, – арақи пешониашро пок карда гуфт ҷаноб ва рў ба рўи Марина рост шуда, гўё ки ба вай ҳама чизро мефаҳмонида бошад, давом дод: – Кўҳистониёи дар назари аввал гўл метобанд, итоаткор, хизматгор менамоянд, сила кунӣ, мисли гурба думак мезананд, вале ҳамин ки думашонро пахш кардӣ, мешўранд... Ба назарам, шумо хонум, рўзноманигорӣ намекунед?»
«Намоишкорона не, ҷаноб...»
«Ин бисёр муҳим аст, махсусан феълу атвори ин халқро муфассал нигоштан аҳамияти калон дорад... Ҳа-а-а, шуморо намедонам, хонум, ман ин халқро фаҳмида наметавонам; як фард метавонад ҳам кўдак, ҳам пир, ҳам сода, ҳам муғамбир бошад, яъне ба кўдак бовар карда, аз пир ҳушёр будан лозим меояд... Мардуми дороро бо инъому сухани хуш ба даст мегиред, ба камбағалаш ҳоҷатбарор мешавед... Лекин халқи меҳнаткаш, агар рост бошӣ, ихлос мекунад, агар фиреб диҳӣ, намебахшад...»
«Магар шуморо фиреб диҳанд, мебахшед?»
«Моро фиреб додан душвор, вагарна мо ҳам намебахшем...
Шумо хеле зиракед, хонум, ба маслиҳат эҳтиёҷ надоред, вале рўзнома нигоштан шарт аст».
«Медонам, ҷаноб».
«Ва медонед, ки барои чӣ шарт аст?»
«Барои оянда, ҷаноб».
«Офарин... Оянда барои Россия беҳтарии дастур мешавад... ва барои Олмон ҳам...»
Ва хонум чунон ангошт, ки сухани Боуэрро нашунид, аммо дар дилу сар андешаи дигар дошт, ки ба Олмон чӣ лозим мешуда бошад? Чунин вазъиятн Маринаро ў бори аввал медид, ки ин зайл сар ба зер афканда, дар бораи чизе андеша мекарда бошад. Ў одатан хандон буд ва чунон менамуд, ки дар зиндагӣ мушкилоте надошта бошад; духтари чор ишкелаш буд. Аммо ҳоло ба ҳарфи ў сарфаҳм нарафт: «Магар Кўҳистон аввал аз они Россия ва сипас бахши Олмон мешавад?»., «Ана об ҳам ҷўшид!» хурсанд шудагӣ барин гуфт Боуэр.
Марина як қад паридагӣ барин ба Боуэр нигарист, ки аз андешаи ў огоҳ гашта чунин гуфта бошад.
«Ман ба чой шавқ надорам, ҷаноб» – аз вазънят бароварданӣ шуд Марина, вале Боуэр муғамбирӣ кард.
«Дар кўҳистон чой нўшидан лозим, хонум, зеро дар ҳама ҷо оби хуб пайдо намешавад ва чой барои гармои ин мавзеъ айни муддаост... Ин чизҳоро шумо хуб медонед, мо ин ҷо танҳо соҳиби кон нестем ё фақат ба сурати географ не, табиб, ҳаким ва мухбир ҳам ҳастем...».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ