Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

ин кўҳҳоро бардошта пасгуна кардан лозим, ки аз онҳо нишоне намонад, мардум аз азоб: бенавоӣ, қашшоқӣ, мардикорӣ ва аз андозҳои зиёд раҳо ёбанд... Аннаи аспсавори кулоҳпўши дурбиндор бо ҳусни зебояш ҳамаро мафтун карда буд, аммо бо кори ношоистааш, ки мардонро ҳамчун бойҳо бемузд кор мефармояд, ихлоси ҳамаро гардонд. Подшоҳи Рус чӣ подшоҳе будааст, ки ба мулки бегона зан роҳӣ мекунад? Магар намедонад, ки мардони шарқӣ занро ки диданд, ҳама чизро фаромўш мекунанд?
Бобо асо бар об мезанад, ки ин фиқрҳо аз сараш дур шавад, вале чунин андешаҳо дар об реша медавонидагӣ барин сарашро ба дард меорад: вай ба кирдорҳои имрўза аз гузашта сабаб меҷўяд; барои чӣ ағёр дар сарзамини онҳо савдогарӣ мекунанд? Хуш, Анна ба Марина конро фурўхт ва Марина ба Боуэр. Ин чӣ маънӣ дорад?.. Сонӣ шартномаи миёни Маринаю Боуэр шударо ба ёд меорад, ки баъди соҳиби кон гаштани Боуэр овоза шуда буд:
«Ман ин конро фурўхтанӣ набудам, мўҳтарам Боуэр, лекин мебинам, ки барои ман гаронӣ мекунад.. Шумо ба ҳар ҳол мард ҳастед, ба шароити Кўҳистон тоб оварда метавонед...»
«Оре, оре, хонум Марина, ин корро танҳо бозургонони калон саранҷом карда метавонанд, хароҷоти ин кор андак не... медонам, ки шумо духтари Новлянскии давлатманд ҳастед, бо вуҷуди он бароятон гаронӣ мекунад».
«Бисёр вазнин аст ин кор, лекин ман ҳамчун меросхўри падар, духтари яккаву ягона бояд ин корро бикунам... Аз шумо пинҳонӣ не, сарвати падарам ба ин кор сарф шуд, аммо пайдо нест, барои ин тобу тавони зиёд лозим аст, то пайдо ба даст ояд... Лекин барои зан гарони мекунад, барои ин кор шумо барин марди қа- ; випайкар ва кавирўҳ лозим аст... Ба ҳар ҳол зан зан аст, мўҳтарам Боуэр...»
«Ман ин чизҳоро мефаҳмам, Марина, лекин фаҳмида наметавонам, ки чӣ хел падари шумо ин зайл духтари нозукро ба чунин кўҳистони сахт фиристодааст...»
«Ман ҳам ин чизро намефаҳмидам, гумонам, ки ба кўҳистон рафтан саёҳат аст, аммо ин аз корзор ҳам вазнинтар».
«Вазнин... вазнин...» гуфт Боуэр ва аз чодари зард берун омад, ки хабар гирад чой ҷўшидааст ё не, ҳарчанд ки бештар ба шиша эътибор медод, вале Маринаи зебо ишораҳои Боуэрро намефаҳмид, ки барои чӣ аз омадани ў ба ин кўҳистони сахт тааҷҷуб мекунад.
Боуэр оташи зери чойҷўшро мурда дида аз нав оташ афрўхт ва ба назари Марина, ки ў ба ҷое рафта бошад, баромад ва ўро дар ҷунбуҷўли чойҷўшонӣ дида, ишваомез ба воқеахои Кўҳистону кирдорҳои ҷангалбонон ишора кард:
«Ҷаноби Боуэр аз ҷаримаи бешабонон наметарсанд, ки ҳезум месўзанд?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ