Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Тахтабанд кунед.
Полвон ба ҳамкорон рў овард:
— Замбару замбарғалтакатонро ва ҳар лоқу паре ки даруни кон бошад, бигиред! – баланд садо дод Полвон ба назди тахтаҳо рафт. Касони рўи тахтаҳо нишаста хестанд, вале дигарон аз рафтори Полвон ҳайрон буданд.
Даҳонаи кошро тахтабанд карданд, аз рўяш лой заданд...
Ангиштсангҳои дар каҷоваю ҷуволҳо бардошта, тахта-тахта ангиштҳои рўи марзаҳои сохта рахт зада, тўда-тўда хокаи ангишт, ки дуртар рехта буданд, ҳама моли мурда метофтанд, чунон менамуд, ки онҳоро барои шамол додан аз синаи танги кўҳ берун оварда бошад... Коргарҳо баъди ҳама корро ба сомон расонидан; баъди тахтабанд кардану ба худ омадан белу путку мисрону метин ва замбару замбарғалтакҳоро гирифта лаби об фаромаданд, ки ҳама чизро аз сиёҳӣ тоза кунанд. Онҳо дар қадди чўйбор саф кашида либосҳои сиёҳи кориро аз бар афканданд, асбобҳоро дар об тар карданд, сару рўй ва тани хешро дар оби равон чунон шустанд, ки дигар ба кори сиёҳ даст намезада бошанд ва ҳаргиз дари кон кушода намешуда бошад. Оби тозаи кўҳӣ хингтоб гашт ва рафтарафта боз соф шуд.
«Об ҳама чизро аз ифлосиҳо тоза мекунад» сар-сари ҷўйбор қадам зада аз дил мегузаронд бобо ва хаёл мекард, ки дигар касе ғайрати ба ин кон наздик шудаи намекунад; дар балвои аввал се тан аз ҳамдиёрони ў гунаҳкор дониста шуданд ва бо даъвати генерал-губернатори вилояти Самарқанд рафтанду барнагаштанд, ; ин дафъа Боуэру нозиронаш ғайб заданд, ин кон боз ба кӣ насиб мекарда бошад? Бобо андеша мекунад; дар бораи занаке, ки аввалин шуда дар ин ҷо кон кушодааст – Анна, Анна Политовская, дар бораи занаки дигар Марина Новлянская, ки кондорӣ карда, сонӣ ба Боуэр фурўхтааст, дар бораи ошўби аввал, ки дар давраи Анна буд, ҳамагӣ баъди як соли кораш, ки мардони бекорро кор фармуда, хароҷоти зиёд карда, ҳоло конро дуруст ба роҳ намонда, аз ўҳдаи додани музди кори коргарон набаромада буд; ба маломати занҳо ва мардуми динҷудо монда буд, ки кофирзани сарлуче соҳиби мулки мо шудааст ва шарму ҳаёро надониста, мардони Кўҳистонро кор мефармояд ва боз муттаҳамй карда муздашонро намедиҳад. Беҳаё... Вале бобо ба ин ҷиҳати кор, ки ў зан аст ва ё мард, аҳамият намедиҳад... вай аз дигар чиз хавф дорад, ки чаро ин мулкро бесоҳиб медонанд ва ҳар касе ба ин диёр сар андозад, ба мардуми таҳҷоӣ ҳукмронӣ мекунад: кўҳбонаш хам, конкобаш ҳам, ҷуғрофаш ҳам, волиаш ҳам, казакаш ҳам, губернатораш ҳам ва боз бою қозиаш балои дигар. Кам, хеле кам ин ошўби кон...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ