Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва онсўтар Яъқубу Раҷаб, баччаҳои зирак, ки гоҳ-гоҳ назди Ниёз омада, бозӣ, ҳамроҳаш молбонӣ мекарданд, даҳон воз дошта ба бобо менигаристаид, ки ҳоло дар бораи Ниёз чизе мегўяд.
— Як бори дигар бемузд кор кунед, зери по мешавед, баччаҳо...
шумо ки зери пой шудед, хоҳ-нохоҳ Кўҳистон поймол мегардад,
– ба ҳама гуфт бобо ва онҳо аниқ намедонистанд, ки бобо ба чӣ ишора мекунад.– Ва ту, Полвон, – ба марди шўх рў овард бобо,
– занатро ҳамроҳ мебарӣ ё монда мардикорӣ меравӣ, ихтиёрат, лекин мард бояд тағофул накунад, ки хонаашро ағёр мегирад.
Полвон аз сухани бобо хафа нашуд, балки табассум карда хест.
Дигарон, ки шўхии ўро, ба ҳар гап тоб наовардани ўро ва тезии ўро медонистанд, хавф бурданд, ки ё боборо беобрў мекунад ва ё зери манаҳаш рафта...
— Полвон! – дод зад ҷўрааш Латиф, аммо Полвон ҷониби ў рў нагардонд, ҷавоб ҳам надод.– Ҳой девона!
Полвон гирифтори андешаи хеш буд ва ба гулў дарронда дод задани Латиф парвое надошт ва дигарон, ки қайсарии ўро медиданд, «Полвон, Полвон!» гўён ба таврашон ўро аз раъяш мегардониданд, гўш намекард Полвон номи ў, лекин кас қаду басти ўро дида, гумон мекунад, ки дар ҳақиқат полвон бошад. Ва агар ў бо бобои тануманду номӣ қад ба қад шавад, бобо дар назди вай кўдак метобад. Вале бобо ба мисли дигарон гумон намекунад, ки Полвон барои як даҳан гапи насиҳатомез ё барои маслиҳат гуфташуда бо ў чанг ба чанг мешуда бошад. Аммо даҳ-понздаҳ қадам масофае ки миёни бобову Полвон ҳаст, чунон ба назари одамои тўлонӣ тофт, ки ҳаргиз Полвон то назди бобо расида наметониста бошад.
— Айб, Полвон! – пеши роҳи ўро мегирифтанд. – Ин кори шармандагӣ! – аз бозуи ў медоштанд.
— Дар ин музофот касе бо бобо қад ба қад нашудааст, – ўро аз роҳаш мегардонданд.
Аммо Полвон китф зада, одамонро аз сари роҳаш афканда, ба назар ниҳоят пурғазаб, пуршўр, гўё ҳар чизи пеши роҳаш омадаро пой зада мерафт.
«Бобо ҳам аҷиб – кўдак барин, медонанд, ки дар назди марди кўҳистонӣ занро ном намегиранд» аз миёни издиҳом омад, аммо фарқ накарданд, ки садои кӣ буд.
Полвон се-чор қадам дуртар аз бобо бозистод, рост ба чашми ў нигарист ва боз ҳамон табассуме, ки вақти хестанаш дар лабаш буд, пайдо шуд.
— Бобои Наврўз дар ин обрав якта, кӣ меёрад ба чашми ў рост нигарад? – овоз баровард ў, вале касоне, ки табассуми лабони ўро намедиданд, гумон доштанд баъди чунин ҳарф Полвон боборо рост болои сар бардошта, сонӣ ба замин мехобонад. Ў назди бобо рафт, аммо ғайричашмдошти мардум даст ёзида асои боборо гирифта бўсид, ба чашму абрўвонаш молид ва боз асоро ба бобо дароз карда, чунин фармуд: – Агар рухсат диҳед, дари конро лой занем...

пешина
аз 279
навбатӣ