Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Пояи оҳанину симу таноб меорад, аз ин ҷо то дашт роҳи осмонӣ месозад, ғилдиракҳо ангишт мекашонанд. – Аз Боуэр шунидаашро такрор мекард Мирзокаром.
— Оҳо-о, чаро ба назди худо нею ба дашт? Роҳи ҳавоӣ, кн бошад, ба сўи худо созад, мушкилаш осон мешавад, – писханд мезаданд коргарон. Вале Мирзокаром худро ба карӣ мезад, Боуэрро бад кардан намехост, зеро ў марди бегона бошад ҳам, ягона касе, ки ба Мирзокаром ҳомию ёвар шудааст. Мирзокаром аслан завронӣ, лекин барои баду одамфурўш буданаш ҳамдиёриён бадаш медиданд ва ҳатто дар маъракаҳо ҳар кас ҳаракат мекард, ки бо вай ҳамтабақ нашавад ва ҳамин ки овозаи кушодани кон баромад, ў низ қомат боло медоштагӣ шуд ва мудом ҳамроҳи Боуэр мегашт, ўро роҳнамоӣ мекард, маслиҳату машварат аз ҷониби ў мешуд ва ҳатто ба хонаи кӣ рафтану аз кӣ мадад пурсиданро ў мегуфт.
«Кори мо ширкат ном дорад... Ба одамон фаҳмон, Мирзокаром, ки ҳар кас ба ширкат ёр шавад, музд мегирад», Сонӣ Мирзокаром гуфтаҳои Боуэрро ба мардум мефаҳмонд, даҳони онҳоро ба ҳалво гуфтан ширин мекард ва кори ангишти Заврон оғоз шуд.
Акнун Мирзокаром ба зайли Боуэр либос мепўшид, мисли ў асп савор мешуд, тозиёна мезад... ваъдаҳо медод. Вале ҳоло гурехта мегардад...
— Бобои Наврўз, чӣ кор кунем? – мепурсиданд коргарони ба сиёҳии ангишт оғушта.
— Коре кунед, ки Кўҳистон поймол нашавад, – ғами зиёд доштагӣ барин мегуфт бобо.– Рост аст ё дурўғ, бешабонҳои подшоҳ дарахтони Кўҳистонро моли худ карданд, барои як дарахтро буридан ба онҳо пул долан лозим, акнун заминковҳо пайдо шуда моро ҳамчу гўрков кор мефармоянд, ба дасти худамон ганҷи синаи кўҳамонро бароварда медиҳем.
— Бобои Наврўз, як кас дорад, як кас надорад, аҳлу аёлро хўрондан лозим... – садо мекард яке.
— Бе ҳамин ҳам ба шаҳрҳо мардикорӣ мекардем, аҳлу аёлро монда мерафтем, кор дар назди хонаамон, ин хуб нест? – мепурсид дигаре.
— Хуб, лекин муздаш куҷо? – дар навбат пурсид бобо, – Ман шуморо нагуфтаам, ки кор накунед... кор кунед, лекин бемузд кор накунед. Дар кўҳистони мо ғуломдорӣ набуд, акнун ба ном коргари кироя пайдо шуд, лекин он ҳам ҳаққашро рўёнида наметавонад. Ин гапи куҷо.
— Агар ба ваъдааш вафо мекард, ин хуб буд, занамонро ба худо супорида, ба шаҳрҳо корковӣ намерафтем, – ба кадом латифае ишора карда гуфт ҷавонмарди шўхе, ки аз зери чанги сиёҳи рўяш сурхии лабон ва дандони сафедаш равшан метофт...

пешина
аз 279
навбатӣ