Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вай, ки балвои авалро ба сад макру ҳиял, бо кўмаки дўстони таҳҷоӣ фурў нишонда буд, ин бор наёрист, ки ба кон наздик шавад. Ў феълу атвори мардуми Кўҳистонро медонист, ки ба чизе азм кунанд, аз роҳашон барнамегарданд, дилашон сода ва соф аст, ба лафзи инсон бовар мекунанд, вале аз чунин покӣ фиреб хўранд, абадуддаҳр намебахшанд; агар рўирост қасос гирифта натавонанд, зуъм карда мегарданд ва ё чунин меангоранд, ки чунон каси фиребо нест. Боуэр ҳамин чизро медонист, барои ҳамин ғайб зад... Вай дар аввал гумон дошт, ки кораш ба осонӣ барор мегирад, то наздикиҳо роҳи оҳан ва ё аз ҳамон баландии Киштўд таноброҳ сохта корро осон мекунад, вале муяссараш нашуд; бо хару асп то ҳамворихо фаровардани ангишт ва аз он ҷо бо ароба кашондани санги сиёҳ гарон афтод: хароҷот зиёд, пайдо – кам. На ба ў мешуд ва на ба коргарон, барои ҳамин ў ғайб зад. Вале касе сабаби ғайб задани ўро намедонист. Мардум мегуфтанд, ки аз музд тарсида ғайб зад.
Кон кушодани ў барои мардони бекори Киштўд андармоние буд, аввал мардум музд ҳам мегирифтанд, вале рафта-рафта ё музди кам мегирифтагӣ шуданд ва ё тамоман бемузд – ба умеди фардо кор мекарданд. Боуэр дар дараву такобҳои Кўҳистон ганҷ меҷуст ва бо чунин баҳона мехост, ки аз чашми мардум дур бошад ва ё вақти ҳақдиҳӣ гузарад, сонӣ меомад, аммо коргарон даҳани амма набуданд, ки рафтори ўро паси сар кунанд.
Аввалҳо меоварданд, ки хаймаи сардори кон дар дараи боло, паси кўҳи Ховар, Арчамайдон ва ё ягон сари кўҳи дигар... баъди чунин хабарҳо Боуэр меомад, аз кону аз коргарон хабар мегирифт, аммо ин дафъа барнагашт. Нақшаҳояш ба ҷо омадагӣ барин.
— Кўҳистон рахна шуд, инҳо акнун омадан мегиранд, – ба писараки пучуқи хароб, ки чашмонаш аз байни чанги ангишти базўр метофтанд, нигоҳ карда гуфт бобои Наврўз, аммо суханаш барои ҳама буд. Коргарон чанд рўз боз бесардор кор мекунанд, ба умеде ки вай бармегардаду музди корашонро медиҳад, вале ҳамин ки сухани боборо шуниданд, фикрашон дигар шуд ва донистанд, ки сардор дигар барнамегардад. Бо вуҷуди он дар даҳонаи танўраю атрофи он, сари сангҳову рўи тахтаҳои Боуэр аз Самарқанд оварда ба умед менишастанд, ки гумоштаи Боуэр Мирзокаром меояд ва ҳарфашонро ба ў мегўянд, аммо Мирзокаром низ интизори омадани Боуэр буд ва ба сари кор ояд ҳам ба онҳо чизе гуфта наметавонад; албатта боз ҳамон ҳарфро такрор мекард: «То Мирзобобур наоянд, ман чизе гуфта наметавонам».
— Мирзобобури шумо куҷо рафтааст? – мағал мешуд дар миён.

пешина
аз 279
навбатӣ