Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Ман гадо нестам, бой ва шумо ақаллан ҳамин чизро медонистед...
— Гадо набошӣ, дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ ва чаро берухсат ба ҳавлӣ даромадӣ?
— Ман бобои Мирзониёз мешавам ва омадам, ки ўро барам.
— Мирзониёз дар ин ҷо нест!
— Чӣ хел нест? Маликбойи ғузорӣ ўро ба шумо фурўхт...
— Нест! Нест! Мо одам намехарем, ки Маликбой ўро ба мо фурўхта бошад. Шумо бо Маликбой муомила кунед.
— Ман ба гуфтаи Маликбой ин ҷо омадам, вагарна аз куҷо медонистам, ки Мирзониёз дар ҳавлии шумо?
— Чӣ дурўғ гўям, – баъди хеле дар сари остона нўги пои рост гузошта андеша кардан ба сухан даромад бой, – Мирзониёз ин ҷо буд. Ўро Маликбой барои қарзаш оварда буд, вале Мирзобобур ўро ба Урусия хондан фиристод.
— Ҳамон Мирзобобури кончӣ?
— Ҳо! Худаш бурд.
Вале бобо чизе нафаҳмид ва тагпурсӣ ҳам накард, ки чаро Мирзобобур маҳз набераи ўро ба хондан мефиристодааст. Бобо аз назди Сабзина ғайб задани Миёзро ҳазору як хаёл карда буд, аз Намозу писаронаш домангир ҳам шуд, ба Қошғар рафт гуфта, гумон кард ё чандин андешаҳои дигар, вале ҳамин ки ба вай хабар оварданд, ки наберааш дар даргоҳи Маликбои ғузорӣ вай аспро ҳам фаромўш карда пиёда ба суроғи набера баромад. Бо Маликбой гуфту шунид ва дараки набераро наёфт ва ҳамин ки ҳамсояҳо дар ин даргоҳ будани Ниёзро гуфтанд, Маликбой иқрор кард ва хизматгори даргоҳи Равшанбой будани набераро хабар дод. Бобо дар ин ҷо ҳам ўро пайдо накард ва тасмим гирифт, ки ба Киштўд баргашта, алам аз Боуэр биситонад. Балвои кони Заврон, ки аз дастмузди коргаронро надодан бархоста ва Боуэр бо сад фиребу тақал бо мадади бойҳову ҳамроҳони такҷойӣ шўришро фурў нишонда ва боз мардумро қисман ба кор ҷалб карда буд, боз ангезад. Бобои Наврўз назди Боуэри дар хонаи бойи маҳалла пинҳоншуда рафт, то бо вай гуфтушунид карда дараки Ниёзро ёбад, аммо Боуэр аз ин чиз рў тофт ва гуфт, ки вай дар ин кор саҳме надорад, балки Равшанбой Ниёзро ба ҷои писараш ба мактаби русии маҳаллӣ фиристодааст. Вале бобо бовар накард, «ба мактаби русӣ, ки рафта бошад, кори ту» гуфт, баъд ба кони Заврон рафта, мардумро шўр андохт, ки ба ин хел касони омадаи муфтхўр ёру ёвар набошанд. Коргарони кироя аввал ба ҳарфи бобо бовар накарданд, вале ҳамин ки бобо бо дасти ў ба мактаби русии маҳаллӣ фиристода шудани Ниёзро шуниданд ва пештар фиребгарии ўро дониста буданд, дастмузд намегирифтанд, ба бобо бовар карданд ва ҳама аз нақби торик оғушта ба хоки сиёҳ баромаданд, бар марзаю харсангҳои назди кон нишастанд, тахтаҳои барои появу муттако овардаи Боуэрро дур афканданд ва мунтазир буданд, ки кай соҳиби кон меояд, аммо Боуэр наомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё