Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Дер нишаст, на Ниёз пайдо шуд ва на касе омад. «Аз ман чӣ бадӣ дидӣ, ки гурехтӣ, Ниёз?», ҳамин тавр пурсиданӣ бобо, вале намедонад, ки набера чӣ ҷавоб медиҳад ва ў хаёл мекунад, ки баробари ўро дидан Ниёз мепурсад, ки чаро бобо асо гирифтааст, магар ин ҳамон асост, ки рўзи мурдаи падар гирифта буд? Ва ин асоро барои Ниёз гирифтааст ё магар бобо акнун танҳо ба асо такя мекунад?
Магар дигар муттако надорад?... Садои дарвозаи дарун омад, ғажӣ кушода шуд ва бобо, ки боз дарунтар дарвоза буданашро намедонист, гумон кард хамш дарвозаи наздаш кушода шуд. Вай гардан каҷ карда, сўи дарвоза нигарист ва онро пўшида дида гумон кард, ки садо ба гўшаш омадааст. Сонӣ оҳиста-оҳиста асо бар замин мезад, ки шояд дар наздикиҳо касе бошаду ин садоро шунида дарвозаро кушояд ва ў пурсад, ки Мирзониёзи ў ҳамин ҷо ҳаст ё не. Ба хаёлаш, ки кас ба дарвоза даст расонд, ана-ана мекушояд, дилаш тапид; ҳамин хел дилаш вақтҳои ҷавонӣ аз ҳаяҷони зиёд барои кори пинҳоние метапид, он вақтҳо ҳар қадар тапад ҳам қувваташ мерасид, ки бардорад, вале ҳоло аз бемадорӣ арақ кард ва ба назараш расид, ки ҳанги хестан надорад ва касе аз дар барояд, ба ў чӣ ҷавоб медиҳад. Бобо мунтазири баромадани касе буд, аммо на дарвоза кушода мешуд ва на садое меомад. Ў андаке паҳлў гашта асо ҷониби дарвоза ёзонд, ки кўбад, аммо боз худдорӣ кард ва ҳамин вақт аз дарун садои кўдаконае омад. Бобо овозро нашинохт, аммо хаёл кард, ки садои наберааш. Хест. Нўги асо ба дарвоза гузошта тела дод ва дарвоза кушода шуд. Бобо баччаи хушлибосро рўи ҳавлӣ дида, яқин кард, ки наберааш нест.
Бобо он баччаро ба ишора сўяш хонд, аммо писарак боборо гадо дониста назди ў наомад ва баъди хеле бо ҳайрат нигаристан «Гадо!
Дада, гадо!» гўён ба фарёд ба ҳавлии дарун даромад ва бобо яқин кард, ки садои ғириҷҷоси дарвоза аз он ҷо будааст. Вай бо нўги асо боз дарвозаро тела дода калонтар кушод ва дар вуҷудаш қуввае пайдо шуд, ки пой аз остонаи дарун ниҳода ба ягон набарди чашмнадида омода мешуда бошад. «Ман гадо нестам, бачча!» аз паси вай фарёд кард бобо ва дере нагузашта, ҷома сари китф бой аз дарвозаи миёна баромад.
— Ассалому алайкум! – одобро фаромўш накард бобо.
Аммо бой алейк нагирифта ба сару либоси бобо ва асою буду шуди ў ба шубҳа менигарист.
— Ҳа? – пурсиш буд ин ишора.
— Ассалому алайкум! – такрор кард бобо.
— Чӣ мегўӣ? – ба маънии чӣ мехоҳӣ пурсид бой.
— Ассалому алайкум!
— Гадо, дигар гапро намедонӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё