Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Худаш чӣ сол аст ин? Мор аст, ҳамдуна аст, чӣ аст?
Ва садои Маликбой меомад, ки «мушу бақар, палангу харгўш...»
гўён сол мегардонд. Вале Ниёзро даровардани Равшанбой сўҳбати онҳоро қатъ кард:
— Амакаш, – Мирзобобур! Одоби писарро дидед? Ба сўҳбати шумоён халал нарасонам, гуфта, берун баромадааст.
— Гўсолаи шуданӣ аз пош маълум, – ба ҷои Боуэр ҷавоб дод Маликбой ва ба Боуэр рў овард: – Пешонаашро намебинед, чӣ хел васеъ?
— Ҳана, – таҳдор садо кард Боуэр, – Ҳар кас ба хизмати оқпошшо намерасад. Ҳамааш хуб, бой, лекин афсўс, ки ба фоидаи мо не; на ба ман, на ба шумо. Ҳукумати подшоҳӣ аз писари шумо истифода мебарад... Хайр, хонда биёяд, боз мебинем... Шумо мебинед, ки ҳар касро ба хондан намегиранд, фақат фарзандони бойҳо бояд хонанд, фарзанди камбағал як рўз носипосиашро мекунад, мегўянд.
Маликбой сурфид, Ниёз сархам буд, Равшанбой суханони Боуэрро ба ишораи сар тасдиқ мекард. Амир гўё ки падар фармуда бошад, аз бозуи Ниёз медошт, ки ба рафтан рухсат намедода бошад. Вале Ниёз сухани дар охтахона гуфтааш ба ёд омада, ба ў каҷ нигарист; «Нагуфтам, ки маро боз мефурўшанд?» Аммо Амир ин чизро нафаҳмида боз ўро сахттар дошт.
— Ха-айр, бой, писарро куҷо мефиристед? Тошканд ё Оренбург?
– масъаларо ҳал карданӣ буд Боуэр.
— Ҳар чӣ амакаш гўянд.
— Мактабҳои русии маҳаллӣ дуртар бошад, хубтар. Зеро дар наздикиҳо хонад, шумо ҳар вақт хабар мегиред, халал мешавад, сонӣ дили худаш ҳам кашол мешавад, ки ҳар ҳафта ояд, лекин дуртар бошад, фикру зикраш хондан мешавад. А? Чӣ гуфтӣ, шери амак?
Ниёз боз сар хам кард ва ба нўги пояш нигарист.
— Мирзониёз хеле шармгин, амакаш, аз Амир фарқ мекунад.
Боуэр гўё ба ҳарфи Равшанбой диққат намедод ва Маликбойро эътибор набуд, худро як ҳокими мутлақ мепиндошт ва чунон буд, ки онҳо ба ў хушомад зананд ва маслиҳат пурсанд.– Оренбург!
– қатъӣ гуфт ў ва ба сўҳбат нуқта гузошт...
... Баъди чанд рўз одами кулангии нуронӣ бобои Наврўз ба даргоҳи Равшанбой омад. Вай ниҳоят лоғар, хаста ва бефараҳ метофт. Вай ба суроғ даргоҳи бойро пайдо кард ва ба ҷои он ки дами дарвоза фарёд занад ва ё ҳалқа бар дар кўбад, рўи суфачаи паҳлўи дарвоза нишаст ва ба дарун гўш дод, ки садое меояд ё не.
Садое набуд. Магар суфа сахтӣ кард, ки бари ҷома ба зер қат карда баҳузур нишаст ва умед дошт, ки Ниёз берун бошад, дарун медарояд ва дарун бошад, бо хизмате берун меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё