Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

«Чаро Бобур савол надод, ки барои чӣ писари калониатон сиёҳу писари хурдиатон сафед? А?» гўё ки касе аз пас саволи ботинии ўро шунида аз вай чизе пурсида бошад, баргашта аз роғ ба дарун нигарист ва касеро надида, табассум кард ва посух дод: «Барои он ки писари калонӣ дар офтоб сўхтааст ва писари хурдӣ рўи офтобро надидааст». Баъд барои чунин рафтор хандид, ақли тифлонаи ў ба бисёр масъалаҳо намедавад, аммо чизеро пай бурда, табассум мекард: «Писари калонӣ... Ҳм». Ў чунон аз рўи остона парида хест, ки касе аз зери кашаш гирифта рост бардошта бошад ва ҳамон зайл то охтахона рафт ва дар охури аспҳо беда бошад ҳам, боз андохт. «Хуред, ҷонварҳо, дигар мо ҳамдигарро намедидагӣ барин». Ҳамин хел гуфт ба аспҳо, аммо барои чӣ ин хел гуфт, намедонист; ё ба Боуэр умед дошт, ки ўро ягон ҷо мебарад ва ё аз ин даргоҳ баромада рафтанӣ буд, аммо куҷо?
— Ниёз! Ҳо Ниёз!
Садои Амир буд, аммо Ниёз нашунида ангошта ҷавоб надод.
Амир тозон омадааст, ки нафасаш тез-тез рафта меомад ва аз дари охтахона «туро, туро» мегуфт ва бо даст ишора мекард, ки ба ҳавлии дарун дарояд. Ниёз фаҳмид, ки ўро ба назди меҳмонон мехонанд, аммо намедонист, ки чӣ қисмате ўро нигарон аст, онҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд, ба Ниёз равшан набуд. Ниёз ҳайратзада ба Амир менигарист, вале пурсидан намехост, ки барои чӣ ўро ин қадар таъҷилӣ даъват мекунанд.
— Якин боз маро ба ягон бойи калон мефурўшанд-а? – чӣ гуфтанашро надониста пурсид Ниёз.
— Чӣ хел мефурўшанд? – ҳайрон пурсид Амир.
— Ҳамон хел ки Маликбой ба Равшанбой фурўхт ва...
— Чӣ хел?! – дод зад Амир ва ба ҳавлии дарун тохт.
— Дада, шумо аспро мефурўшед? Ниёзро мефурў-шед?!.
Ҳамин қадар шунид Ниёз ва садои писарак хомўш шуд. Баъди хеле вақт садои Равшанбой меомад, ки писарро ором мекард:
— Кӣ гуфт ба ту ин гапро? Кӣ гуфт, ки мо писаркалонамонро фурўшем? Мо вайро хондан мефиристем. Ту ин чизро намефаҳмӣ... Хондани ту барин не, ба мамлакати Урусия... Аз рўи гуфтаи Мирзобобур ҳар кас ки ин мактабро тамом кунад, одами калон мешавад, аз Мирзобобур ҳам калонтар – аз паси дарвоза мегуфт бой ва Ниёз аз берун ҳамаашро мешунид, аммо намефаҳмид, ки он мактаб чӣгуна мактаб аст. Вай пай бурд, ки бой қасдан баланд-баланд сухан мекунад, ки Ниёз аз паси дарвоза шунавад, барои ҳамин – бой ангорад, ки ў ҳарфашро нашунидааст, Ниёз тозон ба охтахона даромад, то бори дигар ҳой гуфта биорандаш ва боз бой такрор кунад, ки писари калонаш ба хондан меравад...
Ва вақте ки бой ўро аз охтахона ҷеғ зада баровард, ба ў фаҳмонд, ки бояд хондан равад, Боуэр дар меҳмонхона зўр зада мефаҳмонд, ки барои чӣ дар кони Заврони Киштўд корпартоӣ шуд, чаро онҳо балво карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё