Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо фаромўш карданд, ки Ниёзро берун карда сонӣ суханашонро гўянд ва ҳатто даҳон кушода ба суханони онҳо гўш додани ин писарро намедиданд; чашми ў ба ҳар даҳане мерафт, ки сухан мегуфт ва боз дар ҳайрат мемонд, ки чаро «меҳмон» то алвақт дар бораи Боуэр ҳарф мезаду баъди ўро дидан дар хусуси нооромии кўҳистон мегўяд ва боз дар сари сўзан шиштагӣ барин ва боз тифлона лағжида-лағжида дами дар рафтаи мехоҳад, гўё хестан мехоҳаду ба по рост шуданро намедонад, барои ҳамин дунбасо ба дар наздик мешавад; ба назар вай аз касе ва ё аз гуфтаи худ мегурехт. Мақсадашро ба касе маълум накарда рафт, вале ба рафтани ў эътибор надод, танҳо Ниёз ин чизро дид, аммо сарфаҳм нарафт.
Ў ба холи гўштии мисли гўшвора дар нармаи гўши чапи Боуэр кашол нигоҳ мекард, ки ин мардро дар ду дунё ҳам баробари дидан шинохтан мумкин аст; хеле осон: мўи зард, рўи заҳир ва чашмони кабуди ў ба як дидан аз ёди кас намеравад. Бинии калони Равшанбой ҳам, вале Маликбойро ба ҳар бой омехтан мумкин:
марди камриши зансурат, лабонаш ҳам мисли лаби занҳо нафиси печон, дар як даҳани Равшанбой чанд даҳан гуфта метавонад ва аз саҳл кор гўгирд барин мевағғад. Боуэр ба гуфтору рафтори бойҳо диққат медод ва Ниёз аз пушти нигоҳи ў дида медавонд.
— Ин одам кӣ буд? – пурсид Боуэр. Равшанбою Маликбой ба ҳамдигар нигоҳ карданд: «магар одами шумо набуд?» баробар савол карданд онҳо.
— Чӣ хел одами ман? Вақти омадани ман ин ҷо буд-ку?
— Вай пештар омада дар бораи шумо ҳарф зад, шумо болои сўҳбат омадед, мо гумон кардем, ки...
— Гумон кардан лозим не, Равшанбой.
Ниёз боз ҳайрон, ки чаро бой ба ў чизе гуфта наметавонад, гўё ки аз вай муттахам бошад.
— Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ, Ниёз? – акнун ба худ омада, алами сухани Боуэр аз писарак ситониданӣ шуд.– Тез рав, ба аспҳо наҳорӣ андоз.
Ниёз чунин муомилаҳоро намефаҳмад, намефаҳмад, ки барои чӣ андаке пеш бой ўро ба Боуэр ҳамчун писари калонӣ таърифу тавсиф карду ҳоло ўро аз хона меронад? Ў дарвозаи миёнаро нимроғ карда баромад, вале дилаш хаста шудаги барин рўи остона нишаст ва такя бар табақаи пўшидаи дарвоза зад. «Чаро?»
ҳаин қадар пурсида тавонист, аммо ба ҳамин саволи кўтоҳаш ҳам ҷавоб наёфт, вале ў намедонист, ки аз рўзи азал то ба хол касе ба ин саволи кўтоҳ ҷавоб наёфтааст. Сарашро ҳам ба дар такя дод, фаромўш кард, ки бой ба ў «ба аспҳо наҳорӣ андоз» гуфта буд.
Дилаш гум зад ба овони тифлӣ, ки дар Қошғар сари дилашро пур карда бе ягон монеа нафас мегирифт, дилаш гум зад ва ҳоло мепиндорад, ки нафас гирифтан чӣ қадар мушкил аст, гўё ки барои ҳаво гирифтан касе ўро озор медода бошад; вай дароз-дароз нафас намекашад, ки касе ҳақи маро гирифтӣ нагўяд, балки тарсида, ҳаросида ва гоҳ-гоҳе нафас дар гулў боздошта ҳаво мегирад.

пешина
аз 279
навбатӣ