Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Парво накунед, Мирзобобур! Дунё дунёи зўр. Аз дасти чанд кўҳистонӣ чӣ меояд? Магар ба сангғелон дунёро гирифта мешавад? Аз ибтидо то имрўз ҷанҷолу хархашаи дунёву дунёдор ҳаст ва ягон зердаст натавонистааст, ки забардаст шавад.
— Лекин бояд шавад... Ҳаммиллати мо Маркс мегўяд, ки дигаргунии оламу одам ногузир аст. Барои ҳамин хеле боэҳтиёт бояд буд.
Равшанбой сар хам кард. Боуэр низ маънии сухани ўро нафаҳмидани дигаронро пай бурда, сукут варзид. Ҳама хомўш буданд.
Ин манзара ба Ниёз хуш омада буд, ки дар ҷабини бой ҳам чин пайдо мешудааст, ў ҳам сар хам медоштааст.
— Олам дигар мешавад... лекин чӣ фоида? – сар боло карда маслиҳатомез пурсид Равшанбой. – Магар камбағал бой мешавад? Не-е, Мирзобобур... Ҷангу ҷидолҳо барои некии инсон не, ҳамааш аз рўи хусумат ва ё қасосгирӣ, барои зери пой кардани замин, барои ба харобаҳо табдил додани ободиҳо, барои дастгардон кардани манзилу макон. Аз ин корҳо шиками гурусна сер намешавад...
— Шумо барои чӣ дар бораи шиками гурусна ҳарф мезанед, бой? – ҳайрон пурсид Боуэр.
— Масалан ман гуфтанӣ, ки зўри беҳуда миён мешиканад, касе кони ангиштро аз дасти шумо кашида намегирад... Ин хел кас ҳоло пайдо нашудааст, ки бо кону коргарон муомила карда тавонад ё ба қадри он расад. Боз, Мирзобобур, барои чунин корҳоро саришта кардан миёни бақувват лозим...
— Бой рост мегўянд, – ҳамроҳ шуд Маликбой, – аз дасти Мирзобобур, чунин касе пайдо нашудааст, ки конро кашида гирад. Пеш аз Мирзобобур ҳам ҳамун ангишти сиёҳ дар синаи кўҳ хобида буд, чаро як кас ақл накард, ки гирад? Ин ҷо ягон гап ҳаст...
— Не-не, – ангушт боло карда ва афшонда садо дардод Боуэр,
– ин ҷо гап ҳаст, ба ҳар ҳол ман омода ҳастам, ҳар соҳибхона метавонад маро аз даргоҳаш ронад, вале ман ба бойҳо умед мебандам:
ба шумо – Равшан-бой, ба шумо – Маликбой... Шуморо аз тавсифу таърифҳои Равшанбой хуб медонам, Маликбой... Аммо шумо ёди мо намекунед. Аз рўи шунидам, хонаи шумо рўи роҳ аст ва мо метавонем, ки ҳар гоҳ сар дарун кунем аз дарвозаи шумо.
— Нури дида, лекин шумо серкор, пурташвиш ҳастед, оё барои як пиёла чойи моро хўрдан фурсат меёбед? – хоксории муғамбирона кард Маликбой.
— Дар ин Кўҳистон чойи шуморо нанўшем, чойи киро менўшем, бой...
— Шумо чӣ гап доштед, меҳмон? – қасдан буд ё барои инони сўҳбатро ба дигар тараф кашидан пурсид Равшанбой.
— Гуфтам-ку, бой, дар Кўҳистон нооромӣ, – сухан наёфта изҳор кард меҳмон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё