Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Зиндаӣ?
— Ҳо, – сар ҷунбонд оббурда.
Ҳезумакиҳо фурсатро ғанимат дониста ҷон ба саломат бурданд.
Вале кор бо ҳамин анҷом наёфт. Шаби дигар дар деҳаи Работ қиёмате шуд: бешабонҳо шабохун зада, дар деҳа тирпаррониҳо карданд. Деҳа ноором шуд ва мардум безобита. Сардори деҳа миёна даромада ҳезумакиҳоро пайдо кард. Ҳезумҳоро кашида гирифтанд ва кор бо ҷарима анҷом ёфт. Ҷарима ҷаримаи каму ғам набуд. Кор то ба қозию додгустар расид...
...Ниёзро Амир ҷеғ зада ба хона даровард. Ў хаёл карда буд, ки тамоман ўро фаромўш карданд, вақти Маликбойро фарёд карда овардан бой ба ў меҳрубон гашту сонӣ аҳамият намедодагӣ шуд, ҳоло ҳайрон, ки барои чӣ писари бой ўро чунин таъҷилӣ ба ҳавлии дарун мехонад. Шояд боз ягон касро хабар карда овардан лозим бошад. Лекин ин тавр нашуд. Ўро боз фармуданд, ки андаке поёнтар аз ҷои аввалаи нишастааш бинишинад.
— Ана ҳамин кас, – ба меҳмон нишон дода гуфт Равшанбой, ки кӣ будани меҳмонро Ниёз аллакай мешинохт.– Мирзониёзаш ана ҳамин кас.
— Ҳушёр... – гуфт меҳмон ва ба аломати тасдиқу қабул сар ҷунбонд.
— Шумо одамшинос, Мирзо Бобур, – ҳам хушомаду ҳам таъриф буд ин сухани Равшанбой.
Ниёз Боуэр будани меҳмони шапкапўшро медонист, аммо мақсади ба ин ҷо омадану назди меҳмон хондани худашро намедонист.
— Писарам, – ба Ниёз рў овард бой, – амаки Мирзобобурат мегўянд, ки ин писар ба ман маъқул шуд ва ў бояд хондан равад.
Ин нията бин-а, нияти хуб – ними давлат, гуфтаанд. Ту ба ин маслиҳати амакат-чӣ мегўӣ? А? Мо дуогў, ки ту одами чор кас медидагӣ шавӣ... Амакаш, шумо ҳоло аспсавории Мирзониёзро надидаед, – муғамбирона ба Боуэр рў овард Равшан-бой. – Ба додараш Амир ҳам аспсавориро ёд дод... Гўсолаи шуданӣ аз пош маълум... Амакаша бин, – ин дафъа ба Ниёз муроҷиат кард ў, – аз чӣ қадар роҳҳои дур омада, аз кўҳҳои мо ганҷ меёбанд, худи мо даҳан яла карда мешинем... Чӣ гуфтӣ, писарам?
Ниёз сархам менишаст, мехост пурсад, ки ў хонда кӣ мешавад?
чӣ кор мекунад, дар куҷо кор мекунад? Вале худдорӣ мекард, то бой сўяш чашм ало накунад, лекин бисёр мехост, ки ҳамин чизро донад.
— Замона дигар мешудагӣ барин, одамон ҳам, – боз ба сари ғами хеш омад Боуэр.– Кадом рўз кўҳистониҳо бо ҷангалбонҳо афту дарафт карданд, бо коргарҳои кони ангишт чӣ корҳо карданд ва фардо, худо донад, ки чӣ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё