Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Бешабонҳо он кас ва даҳ хар ҳезумро рухсати рафтан дода, боқимондаро боздоштанд ва ҷарима андохтанд Ин кор ба ҳезумакиҳо хуш наомад ва миёни эшон афтударафт шуд. Яке аз ҳезумакиҳо фурсатро ғанимат дониста, ба наздиктарин деҳа рафта, мардумро бохабар кард ва фурсате нагузашта, мардум чўбу калтак, досу табар карда омада, ба бешабонҳо ҳамлавар шуданд. Бешабонҳо диданд, ки ҳолат танг аст, маҷбур шуданд, аз тапончаҳо тир холӣ кунанд. Халқ ин ҳолро дида, аз тарс ақиб нишаст ва бешабонҳо ҳезумакиҳоро ба ҳоли худ гузошта, роҳи Дашти Қозиро пеш гирифтанд, ки макони асосиашон – хафол он ҷо буд.
Ҳезумакиҳо гумон карданд, ки бешабонон рафтанд, дигар барнамегарданд, вале ба ҳар ҳол роҳашонро дигар карданд: онҳо бо уреби офтобрўяи кўҳ равон гаштанд. Ва муддати зиёде нагузашта аз соҳили муқобил, ки аввал ҳезумакиҳо равона буданд, бешабонон пайдо шуданд. Бешабонҳо баробари дидани онҳо аспҳоро бероҳа карда омаданд, то аз рўди Зарафшон убур кунанд ва ба ҳезумакиҳо «зўрӣ»ро нишон диҳанд... Ду нафар ба рўд асп андохтанд. Фасли тирамоҳ, ки буд, об кам шуда, аспҳо бемалол гузашта метавонистанд. Ҳезумакиҳо диданд, ки кор мекебад, ба таҳлука афтоданд ва чора андешиданд: онҳо аз сари роҳ санг ғелон карданд. Сангҳо пуршаст омада, ба адли об мезаданд. Аспҳо хўсида, миёни наҳр шиҳа мекашидапд. Чунон буд, ки акнун бешабонҳо ҳезумакиҳоро намедиданд ва ҳезумакиҳо бешабононро. Фақат бешабоне, ки сари бора меистод, бо дурбин ба ҳезумакиҳо зеҳн монда, ҳар кадомеро хубтар шинохтан мехост. Ў ҳама манзараҳоро хуб медид, ҳам санг ғелондани ҳезумакиҳоро ва ҳам аз рўд убур кардани ҳамраҳонашро. Вале дид, ки ҳамраҳонаш аз тарси ғелидани ғўту харсангҳо
– аслиҳаи кўҳистон дар хавфу хатар монда, аз адли Зарафшон аспҳоро лаҷом гардониданианд, аз таппонча ба осмон тир холӣ кард. Ин рамзи ақиб нагаштан буд. Вале бешабонон пеш рафта наметавонистанд; ҳам ҷои гирдоб наздик буд ва ҳам ба тангӣ омада буданд. Нафаре аз бешабонон, ки ба сари аспаш санг зада миёни об ғелонда буд, шиноварӣ мекард. Об ўро мебурд ва ягон асп наметавонист дарёбад ва ниҳоят, оне ки аз сари бора дурбин мемонд, чунин ҳолро дида ба асп савор шуд ва тозиёна зада, ба лаби рўд расид, аспро пешандоз карда, ҷараёни обро бурид ва аспро лаҷом кашид, то андар миёнаи об бозистад. Оббурда ба пои асп бархўрд ва ў хам шуда аз либосаш дошта боло кашид ва сари аспро гардонд, асп оҳиста қадам мезад ва одам рў-рўи об кашола мерафт, то соҳил. Бешабон, ки рўи зин хам шуда, ўро рўрўи об мебурд, дар лаби об аспро боздошт ва нима беруну нима даруни об ўро хобонд ва қоматашро аввал рўи зин рост карду сонӣ аз асп фаромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё