Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Рафта лаҷоми аспи ўро дорад, ки фарояд ё даромада ба бой хабар диҳад? Ҳайрон...
— Бой дар хона? – бо лафзи шикастаи форсӣ пурсид ў.
— Ҳастанд, – гуфт Ниёз ва тозон даромада ба бой хабар расонд, ки саворе омада, ўро мепурсад.
— Чӣ гуна савор? – ба Маликбой нигариста шубҳаомез пурсид Равшанбой.
— Ба ҳар навъе мусулмон нест, – ҷавоб дод Ниёз ва раҳ дод, то бой барояд.
— О-о, меҳмони азиз! Биёянд, биёянд, – аз дарвоза садо баровард ў ва оғўш кушода, пеш рафт.
Савор маҷбур шуд, ки аз асп фарояд ва бо ў вохўрад. Ва аз паси бой Маликбою қосид низ баромада вохўрданд ва Ниёз акнун дарк кард, ки бояд зуд рафта лаҷоми аспи ин мардро бигирад.
— Чӣ шуд, ки Бобурбек моро огоҳ накарда омаданд? – духўра суол кард Равшанбой.
— Ҳоҷати огоҳӣ нест, бой, – гуфт Боуэр ва ба қосид нигарист, шояд мегуфт, ки магар ў шуморо наогоҳонид? Як даҳон пур кард, ки сирру савдоро ба бой бигўяд, вале худдорӣ кард. Бой ишорат мекард, то зудтар меҳмон ба хона дарояд, чунон гирифтори меҳмон буд, ки ҳатто Ниёзи дар ин рўз аз ҳама азизро фаромўш кард. Ниёз ба ин чиз диққат медод. Ҳатто бой ба ў нагуфт, ки аспи меҳмонро чӣ кор бикунад. Ниёз худ ба худ савол медод, ки чӣ чиз метавонад, ки ин ду марди ба ҳам бегона, ҳатто аз ҷиҳати дину мазҳаб бегонаро ба ҳам пайвандад? Ў медонист, ки дар Кўҳистон ғайри мусулмонро кофир хонда, дар сўҳбати онҳо нишастанро убол хонанд. Вале намедонад, ки Равшанбой аз ин ошноӣ чӣ мегирад?
Ў хеле андеша кард, хеле ҷустуҷў ҳам кард, то дар муносибати онҳо ягон монандие пайдо бикунад, аммо дарёфт накард. Ва гоҳе аспи меҳмонро зери саисхона баста, дар охураш каме алаф андохта ва аз рўи фаросат аз роҳи дур омад, гуфта, пуштанги онро каме суст кард, монандиеро дарёфт: монандии онҳо дар зини аспон буд.
Ва ў зини аспи бойро, ки дар охур хобида буд, берун оварда, аз назар гузаронд ва бо зини аспи меҳмон муқоиса кард, ки чунин зини оҳании чармпўшро ҷуз бою меҳмон касе надорад. Зини оҳанӣ тасмаҳои зиёде дорад, болиштакҳояш низ чармӣ, чиркгираш намадӣ, аз болои зин чарми яклухте ҳаст, пешбанд дорад, пордум низ дорад, рикобаш тиллоранг... Ниёз ҳамин гуна зинҳоро боз дар аспҳои кўҳбонҳо дидааст, вале рикоби онҳо ин зайл зарандуд набуда, оҳани холисанд. Ва он бешабонҳо ба назари ин писарак хуш нанамуданд: ба қавли мардум онҳо аз куҷоҳое омада ба аҳли Кўҳистон хўҷаинӣ мекунанд ва ба сарашон мағалу осебҳо низ овардаанд. Махсусан ў ҳамон мағале, ки дар тарафи офтобрўяи Зарафшон шуда буд, ҳеҷ аз хотир намебарорад: боре бешабонҳо ҳезумакиҳоро доштанд. Ҳезумакиҳо сӣ хар ҳезум меоварданд. Бешабонҳо аз ҳезумакиҳо ҳуҷҷат талаб карданд ва маълум шуд, ки танҳо яке аз онҳо барои даҳ хар ҳезум ҳуҷҷат дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё