Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Осуда бошед, Равшанбой, дар хонадони ҳар кас ҳам ҷангу ҷидал мешавад, – ўро тасаллӣ доданӣ шуд Маликбой.
Ин гапҳо ба Ниёзи зирак чӣ таъсир бахшид? Ҷуз худаш каси дигаре дарк намекард. Вале ў ин чизро аз тасодуф ва фаромўшии бой медонист, ки ўро берун накарда дар наздаш чунинҳо мегўяд.
— Мегўянд, ки ин таъсири шўришу корпартоиҳои коргарони Урусия бувад, – арз кард қосид ва Равшанбой ба Ниёз нигарист ва ўро сархам дида, сурфид ва чизе нагуфта байти дўстдоштаи мударрисро такрор кард:

«Ин чӣ шўрест, ки дар даври Қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаю шар мебинам...»

Ва Ниёз ин байтро фурў бурда ҳама умр такрор мекард.
— Ва Бобур гурехта куҷо рафт? – андаке бозистода пурсид бой.
— Касе надонад, ки ў куҷо рафт. Ман хаёл кардам, ки ў назди Шшумо омада бошад.
— Назди ман чӣ кор мекунад? Мон бебало шинем!
— Гумон кардам, ки мадад хоста ё паноҳ ҷуста… зеро беҳтар аз шумо дўсте надорам, мегўяд.
— Бефаросат! Ин гапро ин ҷо гуфтӣ, ҷои дигар нагўй... Бобур марди немис, ман мусулмон. Чӣ метавонад моро ба ҳам пайвандад?
– аз омадан ва гапҳои қосид хавф бурда гуфт Равшанбой.
— Ман инро медонам, тақсирам. Дар ин миён чизе нест, ки боиси хавфи шумо шавад. Шумо бояд аз ин рафторҳо огоҳ бошед, гуфта омадам, вагарна ба ман чӣ зарурате буд? – гуфта ў таъзиме кард ва Ниёз андаке сар боло карда ба марди ришдор дурусттар нигарист. Қосид низ нигоҳи баччаи бегонаро дида, дам фурў кашид. Равшанбой нигоҳҳои эшонро дид ва натавонист, то чизе бигўяд.
Аз саҳни ҳавлии берун шиҳаи асп баромад. Равшанбой ба Ниёз фармуд, ки хабар гирад ва дилаш аз чӣ бошад, ки мисли себи аз даст афтида фурў рафт.
Ниёз тозон баромад. Дарвозаи миёнаро кушода савореро дид, ки интизори касе ҳоло ҳам аз асп нафаромада лаҷоми онро мекашад ва асп беқарорӣ дорад. Ниёз салом дод ва як назар ба сару либоси ў нигариста, тахмин кард, ки марди қосид гуфта, шояд ҳамин бошад, зеро ягон ҷиҳаташ ба мардуми ин ҷо намонад: шапка дорад, кители сафед дорад, ки аз болои он тасмае баста аз китфи чап то миён, ба паҳлўи рост ба тасмаи миён пайвастааст. Шими хокиранг ва мўзаи хиром пўшидааст. Ниёз надонист, ки бо ин мард чӣ муомила кунад?

пешина
аз 279
навбатӣ